Ссылки доступа

Аз мақомоти Қазоқистон хостанд, роҳбарони эътилофи коргаронро таъқиб накунанд


Гуруҳе аз созмонҳои ғайридавлатии Қазоқистон рӯзи 31 июл аз мақомоти он кишвар даъват карданд, ки қарори додгоҳҳо нисбати роҳбарони эътилофҳои коргарӣ ё профсоюзро бекор ва қонунгузории миллиро дар бораи эътилофҳои коргарӣ бо қонунгузории байналхалқӣ мутобиқ созанд.

Додгоҳ Чимкент 17 июл раиси эътилофи коргарони "Меҳнати сазовор" Ерлан Болтабойро 7 сол зиндонӣ кард. Болтабой айбҳои додгоҳро рад мекунад.

Бюрои қазоқистонӣ оид ба ҳуқуқи инсон, созмони "Ташаббуси байналмилалии ҳуқуқӣ" ва бунёди "Либертӣ" дар изҳороти рӯзи 31 июл гуфтанд, ки айбномаи Болтабой "аз поймолшавии меъёрҳои қонунгузории Қазоқистон ва стандартҳои байналхалқии озодии эътилоф дар бахши меҳнат шаҳодат медиҳад". Созмонҳо гуфтанд, мақомот ба ин тартиб, ба тарс додан ва маҳв кардани эътилофҳои мустақил идома медиҳанд. Ба гуфтаи муаллифон, ба ҳамин шева Лариса Харкова, роҳбари конфедератсияи эътилофҳои мустақили Қазоқистон маҳкум шуда буд.

Муаллифон дар изҳорот гуфтанд, ки мақомот роҳбарони зиндонии эътилофҳои мустақилро озод ва сафед кунанд. Онҳо ин муроҷиатро ба президент ва раиси Суди олӣ ирсол карданд.

XS
SM
MD
LG