Ссылки доступа

Гуруҳе аз сокинони Қирғизистон мехоҳанд, 150 зану кӯдакро аз Сурияву Ироқ ба ватан баргардонанд


Қирғизистониҳо омадаанд, барои берун овардани ҳамватанонашон аз минтақаҳои ҷангӣ кумак расонанд. Аъзои гуруҳи ташаббускор пешниҳод карданд, ки харҷи баргардонидани занону кӯдаконро аз Сурияву Ироқ пардохт мекунанд.

Ин гуруҳ ба пуштибонии ҳукумат ниёз дорад. Мақомдорон то кунун ба ин пешниҳод вокуниш нишон надоданд.

"Ҳамватанонро хор шудан намемонем" - бо ин паём гуруҳи ташаббускор нишасти матбуотиро оғоз кард. Ин гуруҳ омодааст, моҳи сентябр 150 зану кӯдакро аз урдугоҳҳои Ироқ баргардонад.

Волонтеры обещают вернуть в Кыргызстан 150 детей и женщин из Ирака и Сирии
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:19 0:00

Пештар аз ин пайвандони ин занон аз ҳукумат хоста буданд, ки дар баргардонии онҳо кумак расонад. Ҳамакнун шаҳрвандони қаторӣ пешниҳоди кумак доранд.

"Бори дигар таъкид мекунам, ки ин ташаббус берун аз сиёсат аст. Ин ташаббуси одамони шинохта нест. Одамони оддӣ, тоҷирони оддӣ ин ташаббусро рӯи даст гирифтаанд. Паёми аслӣ - биёед ба хотири берун овардани ҳамватанон мутаҳҳид шавем. Мо ҷангҷӯёнро дар назар надорем. Додгоҳ онҳоро муҳокима мекунад, мо кӯдакон ва занонро дар назар дорем", - гуфт узви гуруҳи ташаббускор Кубаничбек Токтосунов.

Ба иттилои ташкилкунандагон, дар ҳоли ҳозир чанд ҳазор шаҳрванди Қирғизистон дар Сурияву Ироқ ҳастанд. Токтосунов гуфт, моҳе пеш вай бо мақомоти Курдистони Ироқ гуфтугӯ дошт. Бисёре аз масъалаҳо дар робита ба баргардонии занону кӯдакон ҳал шудаанд.

"Мо омодаем, бо маблағи худ ҳавопаймо фиристем. Ҳамаи харҷро пардохт кунем. Мо масъалаи будубоши ояндаи онҳоро низ дар мадди назар дорем. Марказҳои тавонбахшӣ таъсис медиҳем", - гуфт Токтосунов.

Дар фурсатҳои наздик гуруҳи ташаббускор ният дорад, барои идомаи гуфтугӯ ба Ироқ равад. Ҳоло ин гуруҳ ҳамзамон талош дорад, бо президент Қирғизистон мулоқот кунад.

XS
SM
MD
LG