Ссылки доступа

Суқути ҳавопаймои АН-2 дар Фахробод: Халабони собиқадор ҳалок шуд


Дар натиҷаи суқути як ҳавопаймои таълимӣ дар Тоҷикистон як халабони он кушта, як нафари дигар маҷрӯҳ шудааст. Дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа гуфтанд, ки фалокат рӯзи 4-уми август дар маркази таълимии "Фахробод" ба вуқӯъ пайваст.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, ки нахост номаш бурда шавад, ҳавопаймо ҳангоми фуруд омадан ба мушкили фаннӣ дучор омадааст ва "муҳаррикаш хомӯш" шудааст. Айни замон, ба гуфтаи ӯ, тафтиш сабабҳои аслии фалокатро маълум мекунад.

Дар натиҷаи суқути ҳавопаймо аз баландии 10 метр Илҳом Раҳматов, халабони ботаҷриба ва бо собиқаи 16 ҳазор километр парвоз ҳалок шудааст. Халабони дувуми ҳавопаймо лейтенанти калон Бахтиёр Давлатови 20-сола ҷароҳат бардошта ва дар шифохонаи ноҳияи Хуросон муолиҷа мегирад. Илҳом Раҳматов баъди бистарӣ шудан дар ин шифохона ҷон дод. Хабаргузории "Ховар", ки дар ин бора хабар нашр кард, гуфтааст, ки ҳавопаймо истеҳсоли соли 1978 аст.

Дар хабар омадааст, "ҳавопаймои АН-2 " ҳашт хоҳишмандро пас аз машқҳои таълимӣ ва ташхиси тиббӣ ба баландии 800 метр ба ҳаво бароварда, онҳоро бо истифода аз парашют ба замин мепартояд. Аммо ҳангоми фуруд аз баландии 10 метр суқут кардааст. Кумитаи амнияти миллӣ дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва сабабҳои фалокатро тафтиш мекунанд.

Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа се ҳавопаймои АН-2 дорад ва як чатрбози тоҷик, ки борҳо аз ин ҳавопаймоҳо дар Фахробод парвоз кардааст, гуфт, бо вуҷуди сипарӣ шудани мӯҳлати зиёд аз замони истеҳсол ҳавопаймоҳои мазкур мушкиле надоранд. Ба қавли ӯ: "Дар Русия ҳавопаймоҳои АН-2 истеҳсоли соли 1950-ро то кунун истифода мекунанд ва ин ҳавопаймоҳои мо дар муқоиса нав ба ҳисоб мераванд".

Фурудгоҳи "Фахробод" дар 30 километрии шаҳри Душанбе воқеъ шудааст ва солҳои ахир хоҳишмандони чатрбозӣ ва ё парвоз бо парашют ҳам дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш овардааст.

XS
SM
MD
LG