Ссылки доступа

Бо дастури Мирзиёев ҳокимони 3 вилоят аз мардуми Узбекистон узрхоҳӣ карданд (видео)


Бо дастури президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ҳокимон ё раисони вилоятҳои Қашқадарё, Фарғона ва Хоразми Узбекистон аз мардум, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва блогерҳову рӯзноманигорон узрхоҳӣ карданд. Наворҳои суханронии ҳокимони ин вилоятҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расидааст.

Ҳокими Фарғона Шӯҳрат Ғаниев дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Риштон эътироф кард, ки тахриби манзилҳои сокинон дар ин ноҳия "иштибоҳ" буд ва дар ҳузури умум аз аҳолии маҳаллӣ барои тахриби ғайриқонунӣ узрхоҳӣ кард. "Бароятон ошкоро мегӯям, ин воқеан иштибоҳ буд. Дар навбати аввал дар ин кор ман ба унвони раҳбари вилоят гунаҳкорам. Ин иштибоҳи мо набояд ба эътибори раҳбари кишвар ва сиёсати феълии президент латма ворид кунад. Ҳоло суханронии маро дар шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо мекунанд. Ба ин далел, ба унвони раҳбари вилоят, аз шумо узр мехоҳам".

Дар суханрониаш вай ҳамчунин афзуд, ки 14 мақоми ноҳияи Раштон, ки дар тахрибҳои ғайриқонунӣ даст доштанд, аз вазифаҳои худ барканор шудаанд.

Ёдовар мешавем, раиси пешини ноҳияи Риштон Таваккалҷон Раҳимов, ки дар моҳи феврали соли 2018 ба ин мақом расид буд, ҳадафи интиқодҳо дар Узбекистон қарор дошт. Ӯ рӯзи 31-уми июл аз мақомаш барканор шуд. Дар ҳукумати ин ноҳия гуфтанд, ки Раҳимов бинобар далоили сиҳатӣ, аз мақомаш рафтааст.

Ба дунболи ҳокими вилояти Фарғона, раиси вилояти Қашқадарё Зафар Рӯзиев низ барои тахрибҳои ғайриқонунии манзилҳо расман узрхоҳӣ кардааст. Ӯ низ мисли ҳамтои фарғонагии худ иқрор шуд, ки дар ин масъала иштибоҳи бузург кардааст.

"Дар қазияе, ки дар ноҳияи Яккабоғ рух дод, сад дар сад мақомоти вилоят ва ноҳия айбдор мебошанд. Садҳо бор, ҳазор бор аз ҳукумат, мақомот, мардуми азиз, блогерҳои муҳтарам ва хабарнигорон ва соҳибкороне, ки аз ин кор зарар диданд, узр хоста ва сари таъзим фуруд меорам. Агар ба мо имкони дубора бидиҳанд, мо комилан аз сиёсати қаблие, ки "фармони тахриби манзилу корхонаҳоро содир мекардем", даст мекашем". Мо омода ҳастем, бо ҳар як сокин ба таври ҷудогона кор карда ва барояшон кӯмакҳои заруриро бирасонем",-гуфт ҳокими вилояти Қашқадарё Зафар Рӯзиев.

Моҳи ҷорӣ дар ноҳияи Яккабоғи вилояти Қашқадарёи Узбекистон соҳибкоре ба сӯи муовини раиси ноҳия бензин рехта ӯро оташ зад. Ин амали соҳибкори ноумедшуда посух ба таҳдиди мақоми давлатӣ буд, ки хост, бинои дуошёнаи фурӯшгоҳ ва сехи бо қарзи бонк сохтаи соҳибкорро хароб кунад.

Ҳокими вилояти Хоразм Фарҳод Эрманов низ расман аз мардуми Узбекистон узр пурсид ва ваъда дод, ки минбаъд ҳар як тасмими худро бо аҳолӣ машварат мекунанд.

"Мо боиси азияту мушкилоти шумо шудем. Албатта, ман дар ин вазъият худро гунаҳкор медонам. Агар мо ин корҳоро тибқи нақша барвақтар оғоз карда ва ҳисобу китоб мекардему бо шумо машварат менамудем, аз ин ҳолатҳо пешгирӣ мешуд. Дар назди шумо истода, ман аз шумо узр мехоҳам",-гуфт ҳокими вилояти Хоразм.

Дар ҳамин ҳол, Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ба зердастонаш дастур дод, ки масъалаи аз мақом барканор кардани ҳокимони вилоятҳои Фарғона, Хоразм ва Қашқадарёро баррасӣ кунанд.

"Ман ба Абдулло Орипов (сарвазир) ва Зайналобиддин Низомиддинов (раиси дастгоҳи президент) дастур медиҳам, ки дар робита ба барканор кардани ҳокимон чораҷӯӣ кунанд. Ин ба ман даркор нест! Ман бори дигар такрор мекунам, мо бо ин сиёсат дур намеравем - бо сиёсати хушунатбор! Агар ин сиёсат кор медод, мо дар 30 сол ба беҳтаринҳо табдил мешудем",-гуфт Мирзиёев.

Мирзиёев дар он ҷаласа ҳокими вилояти Хоразм Фарҳод Эрмановро танқид кард, ки ба далели тахриб кардани манзилҳо, сокинон маҷбур шудаанд, роҳи мошингарди Урганҷро банданд.

"Ба сиёсати ман аз ҳама бештар Эрматов зиён овард. Ман ба ту ва амсоли ту "табрикот"-и бешармонаеро аз Интернет ирсол мекунам. Вақте ман гуфтам, ки раиси шаҳри Урганҷ (Шуҳрат Абдуллоев)-ро ба ҷавобгарӣ ҷалб кунем, ту ба ҳайси вакили дифоъ аз сарвазир хоҳиш кардӣ, ки ин корро накунем. Ана натиҷаи "дӯстӣ"-и ту. Бихон, ки имрӯз дар бораи дӯстии ману ту дар шарҳҳо чи менависанд. Агар ту, бе виҷдон, дӯсти ман мебудӣ, ин гуна рафтор намекардӣ. Чаро биноҳоро тахриб кардӣ? Шарҳҳоро дар интернет бихон. Онҷо акси ту нест. Танҳо акси сарвазир нашр шудааст ва зери он одамон шарҳ менависанд, ба сиёсати президент нафрин мехонанд. Ту ва зердастони ту ба ман ҳамчун душман муносибат кардед. Оё душвор буд, ки пеш аз тахриби биноҳо бо майнаат фикр бикунӣ? Боз худнамоӣ мекунад, ки ба ҳар кадоми онҳо 30-50 миллиард сумӣ ҷубронпулӣ ҷудо кардааст. Оё ин маблағи туст? Ин маблағи вазорати молия аст! Ё Узбекистон аз ту қарздор аст? Бо хондани ин гуна шарҳҳо ман чи гуна метавонам, дар утоқам ором шинам?", - гуфт президенти Узбекистон.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки шаби 26 ба 27 июл ҳазорон сокини манзилҳои тахрибшудаи кӯчаи "Ишқобод" дар ноҳияи Урганҷи вилояти Хоразм роҳи мошингарди Урганҷ-Ҳазораспро баста, аз мақомоти маҳаллӣ пардохти ҷубронпулӣ талаб карданд.

Баъди тахриби манзилҳо бештар аз 400 оила чанд моҳ маҷбур буданд, зери хаймаҳо истиқомат кунанд. Рӯзи 27-уми июн сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов барои шиносоӣ бо вазъ ба Урганҷ рафт. Як рӯз баъд ба ҳамаи эътирозгарон ҷубронпулӣ пардохт шуд.

Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи рӯзи 2-юми август ҳокимони вилоятҳои Фарғонаву Қашқадарёро ҳам танқид кард.

XS
SM
MD
LG