Ссылки доступа

Издивоҷи ҳазорон духтари зери 15 сол дар Эрон


Як мақоми расмӣ дар Эрон гуфт, соли гузашта танҳо дар як вилояти кишвар 44 духтари аз 15 сола хурдтар соҳиби фарзанд шудаанд.

Асади Ҳасанзода, мудири Идораи сабти асноди расмӣ дар вилояти Ҳамадон дар ин бора дар як нишасте суҳбат карда ва гуфтааст, ки ду дар сади таваллуд дар ин вилоят аз ҳисоби духтарони аз 15-сола хурд аст. Эрон соли 1992 ба Паймони байналмилалии ҳуқуқи кӯдакон пайвастааст, ки бар асоси он афроди хурдтар аз 18 сол кӯдак ба ҳисоб мераванд.

Аммо тибқи қонунҳои Эрон духтарони зери 13 сол ҳам метавонанд, бо иҷозаи волидайн ё сарпараст ва ҳукми додгоҳ издивоҷ кунанд. Ҳусейни Ғозиён ҷомеашиноси эронӣ дар Вашингтон дар бораи сабабҳои издивоҷҳои бармаҳал дар Эрон ба Радиои Фардо гуфт: “Вақте фақр густариш пайдо мекунад, эҳтиёҷот дар хонавода зиёдтар мешавад ва дар манотиқи суннатӣ саъй мекунанд, теъдоди нонхӯрҳоро кам ва ноноваронро зиёдтар кунанд. Писарон дар хонавода ҷузъи ноноварон ва духтарон ҷузъи нонхӯрҳо маҳсуб мешаванд.“

Дар соли гузашта танҳо дар вилояти Ҳамадони Эрон издивоҷи 1500 духтари зери 15 сол сабт шудааст, ки 60 мавриди онҳо бо талоқ анҷом ёфтааст. Ҳусейни Ғозиён ба дигар иллатҳои иҷтимоӣ ва шароити зиндагӣ дар издивоҷи кӯдакон дар Эрон ишора карда, гуфт:” Фақри муҳитӣ ҳам таъсир дорад, мумкин аст, хонавода худаш фақир набошад, вале набудани мадрасаҳои сатҳи болотар сабаби ин чунин иттифоқот мешавад. Дар инҷо саъй мекунанд, ки духтарро ҳарчӣ зудтар шавҳар бидиҳанд, то ба истилоҳ оқибатҳои бе шавҳар монданаш ба гардани хонавода наафтад. Омилҳои қавмӣ ва мазҳабӣ ҳам вуҷуд дорад, ки издивоҷҳои зудҳангомро ташвиқ мекунанд. Алъон ҳам аз тариқи идеологияи ҳукумат ташвиқ мешавад.”

Давлати Эрон ба шарте Паймони байналмилалии ҳуқуқи кӯдаконро пазируфтааст, ки дар сурати мухолифати ҳар банди он бо қонунҳои дохилӣ, онро метавонад иҷро накунад. Баъзе аз намояндагони порлумони Эрон дар гузашта талош кардаанд, то синни қонунии издивоҷро тағйир диҳанд, аммо рӯҳониёни бонуфуз ва баъзе аз вакилон ба ин пешниҳод мухолифат карда, имкон надодаанд, ки он ба ҷое бирасад.

Ҳасани Фариштиён, динпажӯҳи эронии муқими Фаронса доир ба ин мухолифатҳо ба Радиои Фардо гуфт: “Баъзе аз рӯҳониёни суннатгаро дар ҳамон тасфирҳо ва фиқҳи исломӣ, ки дар 1400 соли пеш дар замони паёмбар буд, дармондаанд. Дар ҳоле ки ба назар мерасад,тағйироти нав эҷод шудааст, табиатан бояд дар мӯҳтавои вазъи кунунӣ санҷид, ки чӣ замоне духтарҳо ба синни булуғи ҷинсӣ ва ақлӣ мерасанд ва тавоноии модар шуданро доранд."

Баъзе аз мақомоти вилоятӣ дар Эрон эълон кардаанд, ки соли гузашта 1400 духтари зери 14 сол дар вилояти Занҷон ва 1054 духтари зери 15 сол дар вилояти Хуросони шимолӣ издивоҷ кардаанд.

Дар Тоҷикистон, ки издивоҷ то 18-солагӣ мумкин нест, бино ба омори расмӣ, соли гузашта 2500 ноболиғ издивоҷ кардаанд. Яъне, ба ҳисоби миёна дар як рӯз никоҳи аз 6 то 7 нафаре сабт шудааст, ки синнашон ба ҳаждаҳ нарасидааст. Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон синни издивоҷ аз 18-солагӣ муқаррар шудааст. Аммо дар ҳолатҳои истисноӣ, аз ҷумла ҳамли барвақт ё бемории наздикон, ҷавонон метавонанд, бо иҷозаи додгоҳ дар 17-солагӣ оиладор шаванд. Дар ин миён 29 духтарро ғайриқонунӣ ба шавҳар додаанд.

XS
SM
MD
LG