Ссылки доступа

Иттиҳоди Аврупо аз қарори бастани зиндони "Жаслиқ"-и Ӯзбекистон истиқбол кард


Эдуардс Стипрайс, роҳбари ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Ӯзбекистон аз қарори Шавкат Мирзиёев, президенти ин кишвар дар робита ба бастани зиндони "Жаслиқ" истиқбол кард.

Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, қарори мазкур ҳамкориҳои Ӯзбекистонро бо Иттиҳоди Аврупо ба сатҳи нав хоҳад расонд.

Мирзиёев 2 август қарор "Дар бораи маҳви маҳбаси "Жаслиқ" дар ноҳияи Кунград"-ро имзо кард.

Чанд созмони дигари ҳомии ҳуқуқи байналхалқӣ низ аз ин иқдом истиқбол карданд.

Стив Свердлов, намояндаи созмони Human Rights Watch дар умури Осиёи Марказӣ гуфт, "бо бастани ин муассисаи ислоҳӣ президент ҷасорати бузурги сиёсӣ ба намоиш гузошт".

"Ҳамаи шиканҷаҳои пурсару садо дар Ӯзбекистон маҳз дар "Жаслиқ" рух медод. Таърихро бояд омӯхт, иштибоҳҳо набояд такрор шаванд", - гуфт Свердлов.

Зиндони "Жаслиқ" солҳои тӯлонӣ аз сӯи ҳомиёни ҳуқуқ барои шиканҷа шудани зиндониён танқид мешуд. Дар ин маҳбас бештар зиндониҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ нигаҳдорӣ мешуданд.

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ҳанӯз дар соли 2002 ба Ӯзбекистон тавсия дода буд, ки зиндони мазкурро бандад.

XS
SM
MD
LG