Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон тахриби манзилҳо аз ин пас танҳо бо қатъномаи сарвазир сурат мегирад


Дар Ӯзбекистон аз ин ба баъд амволи сокинону соҳибкорон танҳо бо иҷозаи сарвазир тахриб карда мешавад.

Дар ин бора президенти он кишвар фармон содир кард.

Ба иттилои вазорати адлияи Ӯзбекистон, заминҳои бозпасгирифта ва тахриби амволи дар онҳо ҷойгирбуда дар се марҳила сурат мегирад:

- бастаи ҳуҷҷатҳои замине, ки онҷо тахриб анҷом мешавад, аз сӯи ҳокимон ба девони вазирон ирсол мегардад;

- девони вазирон дар мувофиқа бо қоидаҳои шаҳрсозӣ ва нақшаҳои молӣ хулоса содир мекунад;

- хулоса барои баррасӣ ва қабули қарор ба сарвазир фиристода мешавад.

Ба ҷуз ин, барои муайян кардани ҳаҷми ҷубронпулӣ ба соҳибони манзилҳо ва амволи соҳибкорон гуруҳҳои кории ҷумҳуриявӣ таъсис дода мешавад.

Дар як ҷаласаи рӯзи 2 август Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ба зердастонаш дастур дод, ки дар робита ба барканории раисони вилоятҳои Фарғона, Хоразм ва Қашқадарёи Ӯзбекистон чораҷӯӣ кунанд.

Рӯзи 4 август роҳбарони се вилоят дар мазҳари ом узрхоҳӣ карданд. Пештар аз ин роҳбарони мазкур ба тахриби манзили сокинони вилоятҳои ёдшуда дастур дода, аммо масъалаи пардохти ҷубронпулиро сарфи назар карда буданд.

XS
SM
MD
LG