Ссылки доступа

"Буҷавиҳо"-и Туркманистон танҳо баъди пардохти харҷҳои комуналӣ маош мегиранд


Мақомоти Туркманистон чораҳои пайдо кардани қарздорон ва маҷбур кардани онҳоро ба пардохти харҷҳои комуналӣ идома медиҳанд.

Ба вижа, ходимони давлатӣ танҳо баъди пардохти харҷҳои комуналӣ ва дар коргоҳ нишон додани ҳуҷҷати қарздор набудан аз истифодаи барқу обу газ, маош дарёфт мекунанд.

"Ба кормандони буҷавӣ то замоне ки онҳо ҳуҷҷати қарздор набудани манзили зисташонро нишон надиҳанд, маоши моҳи июл ва августро пардохт намекунанд", - гуфт як сокини вилояти Лебапи Туркманистон.

Ба гуфтаи вай, дарёфти ҳуҷҷат дар бораи қарздор набудан вақти зиёдро талаб мекунад.

"Барои дарёфти ин ҳуҷҷат ҳадди ақал як моҳ вақт сарф мешавад. Дар муассисаҳои пардохти ҳаққи истифодаи барқ навбатпоии тӯлонӣ дида мешавад. Барои дарёфти фаврии ҳуҷҷат баъзеҳо иҷборан пора медиҳанд", - гуфт ин сокини маҳаллӣ.

Бархе аз роҳбарони ноҳияҳои Туркманистон мегӯянд, додситонӣ аз онҳо тақозо кардааст, ки аз кормандони бахши буҷавӣ чунин ҳуҷҷат талаб кунанд.

XS
SM
MD
LG