Ссылки доступа

Таркиш дар анбори аслиҳаи Русия манъ ва 12 кас бистарӣ шуд


Хабаргузориҳои Русия бо такя ба мақомоти кишвари Краснодари Русия субҳи 6 август навиштанд, ки таркиш дар анбори муҳимоти ҷангӣ дар ноҳияи Ачин қатъ шуд.

"Ду соат пеш садои таркиш шунида мешуд, ҳоло дигар садое нест. Таркиш қатъ шуд", - иттилоъ доданд мақомоти кишвари Краснодар.

Баъди силсилаи таркишҳо дар анбори аслиҳа ноҳияи Ачин рӯзи 5 август, 12 одам дар бемористон бистарӣ шуд. Ҳамчунин сокинони атрофи анбори аслиҳа ба ҷои амн кӯч дода шуданд.

Мақомоти Русия гуфтанд, барои хомӯш кардани оташи дар пайи таркиш сар зада 14 робот ё дастгоҳҳои худкори аз фосила идорашаванда равона шудааст.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, таркиши бузурге ва ғубори густардае дида мешавад.

"Русал", корхонаи истеҳсоли алюминиюм дар ноҳияи Ачин, ба маҳзи рух додани таркиш фаъолияташро қатъ ва коргаронро ба ҷои амн интиқол дод. Ин корхона дар 30-километрии анбори аслиҳа ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG