Ссылки доступа

Ҷанҷоли милисаҳо ва низомиён дар Ӯзбекистон (видео)


Навори ҷанҷоли гуруҳе аз низомиён ва кормандони милиса дар ноҳияи Қаршини Ӯзбекистон ахиран ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Дар навор дида мешавад, дар таваққуфгоҳи назди бозори "Агора"-и ноҳияи Қаршин низомиҳо талош доранд, ба кормандони милиса фаҳмонанд, ки "дар дохили шаҳр бо либоси махсус гаштан мумкин нест".

Сомонаҳои маҳаллӣ менависанд, афсарони округи низомии Ҷанубу Ғарб ба кормандони мақомоти дохила "фишор меоранд".

Кормандони умури дохила дар посух ба ин фишори низомиён мегӯянд: "Ман роҳбарони худро дорам. Ба онҳо нависед. Агар ман қонунро поймол кардаам, тафтиши хизматӣ ташкил хоҳад шуд. Анҷом додани тафтиш салоҳияти шумо нест".

Мақомоти Ӯзбекистон ин ҳодисаро то кунун шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG