Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон нахустин турбинаи газии неругоҳи Турақурғон ба кор даромад


Дар вилояти Намангони Ӯзбекистон рӯзи 5 август нахустин турбинаи газии неругоҳи барқӣ ба кор дароварда шуд. Дар ҳоли ҳозир неругоҳ дар ҳолати санҷишӣ буда, сар аз моҳи ноябр бо иқтидори комил барқ истеҳсол мекунад. Дар ин бора вазорати энержии Ӯзбекистон хабар дод.

Дар сохтмони неругоҳ бештар аз 2 ҳазору 400 корманди дохиливу хориҷӣ ҷалб шудааст. Неругоҳи Турақурғон солона то 7 млрд киловат/соат барқ истеҳсол хоҳад кард.

Бо қарори президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз 2 майи соли 2017, дар вилояти Намангон чанд неругоҳи хурди барқӣ сохта мешавад.

Сохтмони неругоҳи Турақурғон аз соли 2014 шуруъ шуда буд.

Ин неругоҳ дар ҳамкорӣ бо ширкати ҷопонии Mitsubishi ва консорсиуми Mitsubishi Hitachi Power Systems Ltd сохта мешавад.

XS
SM
MD
LG