Ссылки доступа

Эрон се мушаки нави истеҳсоли худиро муаррифӣ кард


Эрон се навъи нави мушакҳои идорашавандаи истеҳсоли худиро муаррифӣ кард. Дар ин бора хабаргузории эронии Irna иттилоъ дод.

Вазири дифои Эрон Амир Ҳотамӣ гуфт, мушакҳоро мешавад дар чархбол, ҳавопаймои бесарнишин ё зарбазанҳо насб кард. Яке аз онҳо метавонад, ҳадафро дар масофаи беш аз 50 километр маҳв созад. Ба гуфтаи Ҳотамӣ, мушакҳои нав тавонмандии Эронро бояд нишон диҳанд.

Муаррифии мушакҳои нав дар пасманзари бад шудани муносибатҳои Теҳрон ва Вашингтон сурат мегирад. ИМА моҳи майи соли гузашта ба таври якҷониба аз созиши ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шуда, таҳримҳои зидди Теҳронро дубора барқарор кард. Мақомоти Амрико мегӯянд, созиши ҳастаии се сол пеш ба Эрон имкон дод, ки барои коркарди пинҳонии силоҳи ҳастаӣ мавод ҷамъоварӣ кунад. Теҳрон ин иддаоро рад мекунад.

Иттиҳоди Аврупо бо ИМА розӣ нест ва гуфт, барои давр задани таҳримҳои Амрико чораҳоеро хоҳанд андешид. Мақомоти Эрон моҳи июн гуфтанд, ки аз иҷрои баъзе уҳдадориҳои худ дар доираи созиши мазкур даст мекашанд.

Созиши Теҳрон бо ИМА, Фаронса, Бритониё, Русия, Чин ва Олмон дар мавриди маҳдудсозии барномаи ҳастаӣ соли 2015 ҳосил шуда буд. Он тадриҷан бекор кардани таҳримҳои зидди Эронро бар ивази худдории Теҳрон аз коркарди силоҳи ҳастаӣ пешбинӣ мекард.

XS
SM
MD
LG