Ссылки доступа

Созмонҳои ғарбиро ба ҳалли мушкили маҳбусони сиёсӣ дар Қазоқистон даъват доранд (видео)


Як гуруҳи сокинони фаъоли Қазоқистон субҳи 7 август дар назди намояндагии СММ дар шаҳри Нурсултон ҷамъ шуда, раҳоии онҳоеро талаб карданд, ки ба гуфтаашон, бо ангезаҳои сиёсӣ дар зиндон нигаҳдорӣ мешаванд.

Фаъолони қазоқ ҳудуди 20 дақиқа дар назди бинои намояндагии СММ дар Нурсултон истода, дар даст акси онҳоеро доштанд, ки дар зиндонанд ё зиддашон тафтишот идома дорад.

"Масъалаи доғ -- боздошти ғайриқонунии қазоқистониҳо бо ангезаҳои сиёсиро матраҳ мекунем. Пас аз он ки мутмаин шудем, ҳукумат, раҳбарияти кишвар, додгоҳҳо ва кормандони пулис садои моро намешунаванд, тасмим гирифтем, ба назди намояндагии СММ равем. Бештари созмонҳои ғарбӣ бояд аз ин мушкили Қазоқистон огаҳ шаванд ва донанд, ки дар мо чи гуна демократия аст", - гуфт як эътирозгар.

Ҷамъшудагон бо сар додани шиори "Озодӣ!" раҳоии фаъолони зиндонӣ, аз ҷумла президенти пешини ширкати "Қазтомпром" Мухтор Ҷакишевро талаб карданд, ки беш аз даҳ сол мешавад, бо гумони фасодкорӣ дар зиндон аст. Тазоҳургарон ҳамчунин норозигии худро ба боз шудани парванда зидди модарони серфарзанд -- Оксана Шевчук, Жазира Демеуова ва Гулзипа Ҷаукерова бо гумони иштирок дар фаъолияти созмони мамнуъ баён карданд.

​Тайи ҳафтаи ахир бори чандум аст, ки дар Қазоқистон ба ҷонибдорӣ аз маҳбусони сиёсӣ тазоҳуроти осоишта ва эътирозии инфиродӣ баргузор мешаванд. Бар фарқ аз тазоҳуротҳои пешин, кормандони пулис иштирокдорони ҳамоишҳои эътирозии ахирро боздошт ё ба шуъбаи пулис намебаранд.

XS
SM
MD
LG