Ссылки доступа

Қиматҳои баланд ва таҳдиди ҷарима барои дастархонҳои бодабдаба дар Иди Қурбон


Мақомоти Тоҷикистон ҳушдор додаанд, ки имсол бо баргузории рейдҳо дастархони идонаи аҳолиро месанҷанд ва агар он серхарҷу бодабдаба бошад, соҳибхона то 5 ҳазор сомонӣ ($530) ҷарима хоҳад шуд.

Ин ҳушдор дар ҳоле садо медиҳад, ки харҷи зиёфати рӯзи ид муқаррар нашудааст. Ид 11 август таҷлил мешавад.

Аробаҳои пур аз маҳсулот ва норозигиҳо аз баланд шудани нарх - фазои бозорҳои пойтахти Тоҷикистон дар остонаи Иди Қурбон тақрибан ҳамингуна аст.

Сокинон бо вуҷуди онки аз гарон шудани нарх шикоят доранд, мегӯянд, ночоранд, барои дастархони идона чизе бихаранд. Ҳушдори мақомот, ки гуфтанд, соҳибони дастархонҳои бодабдабаро ҷарима мекунанд, хариди сокинонро кам накардааст.

Ислоҳиддин Раҷабов, сокини пойтахт барои хариди маҳсулот ба бозори “Меҳргон”-и Душанбе омадааст. Барои ӯ ва сокинони дигари шаҳр боло рафтани нархи маҳсулот дар арафаи ид ба як чизи муқаррарӣ табдил шудааст. Мегӯяд, харҷи дастурхони хоксорона дар рӯзи иди Қурбон ҳам кам нест: “Агар камтар кунӣ, 300-400 сомонӣ мешавад, дастурхонро калонтар кунӣ, то 1000 сомонӣ мешавад. Фурӯшандаҳоро назорат кардан даркор. Мардум мехарад гуфта, нархро баланд кардан мегиранд.”

Бархе сокинон мегӯянд, ногузиранд аз баҳри дастархони идона бигзаранд. Муродулло Касиров, як сокини Душанбе гуфт, барои як рӯзи ид харҷи калон кардан зарурат надорад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи Касиров ин маблағро метавон, барои фарзандон сарф кард.

“Барои кӣ мекунӣ дар як рӯз? Ба ҷои он кӯдакам хӯрад беҳтар нест? Шарт нест, дастархони бодабдаба, бобои мо инро намекарданд. Чӣ даркор барои ман қанди 80-100 сомонӣ? Кӯдак дорам, барои ӯ либос мехарам. Барои як рӯз ҳама ҳаётамро барбод кунам, пагоҳ фарзандам чӣ мехӯранд? -- суол гузошт ӯ.

Аммо фурӯшандаҳо норозигии мардумро, ки онҳоро гунаҳкори асосӣ мешуморанд, розӣ нестанд. Фурӯшандаҳо ҳам суол мегузоранд, ки вақте маҳсулотро бо нархи гарон мехаранд, чӣ гуна онро арзон фурӯшанд?

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуфт, дар рӯзи иди Қурбон кормандони онҳо дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ назорат мебаранд, то мардум дастархони пурхарҷ наороянд. Дар ғайри сурат, ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи дин, ҳар нафар барои дастархони пурдабдаба панҷ ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳад шуд.

Афшини Муқим мегӯяд, “бояд шаҳрвандон масъулият нишон дода ба сарфаҷӯӣ эътибор диҳанд.”

Бархе аз шаҳрвандон бар инанд, ки харҷи дастархони идона дақиқ нашудааст ва онҳо ихтиёр доранд, вобаста ба шумораи меҳмонони худ зиёфат баргузор кунанд.

XS
SM
MD
LG