Ссылки доступа

Навбатҳои дароз дар шифохонаҳо барои маълумотномаи тиббӣ (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.​

- Хӯроки мардум, ифтихорномаи муҳоҷирон ва хонаҳои ҷанҷолӣ дар Озодӣ Онлайн. Азбаски дар остонаи Иди қурбон ҳастем имрӯз дар Озодӣ онлайн дар бораи дастархони ид суҳбат мекунем ва дар бораи хонаи хусусӣ, ки аксарияти мову шумо орзуи онро дорем. Навбатҳои дароз дар шифохонаҳо барои маълумотномаи тиббӣ, ки ҳоло ба ҳазорон нафар лозим шудааст. (видео)

- Президенти пешини Қирғизистон Отунбоева дар бораи Отамбоев. Масоиле, ки дар робита ба онҳо зидди президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев айб эълом мешавад, асоси худро ёфтанд, - мегӯяд Роза Отунбоева. (видео Директ)

- Алмосбек Отамбоевро чи гуна боздошт карданд (видео)

- Отамбоев таслим шуд. Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон, 8 август ва дар рӯзи дувуми амалиёти нерӯҳои амниятиву пулис боздошт шуд. Рӯзи аввали амалиёт ноком буд. Дар ҷараёни он як афсари амниятӣ кушта ва даҳҳо нафар захмӣ гардиданд (видео)

- Тобути чаҳор муҳоҷири тоҷик ба Душанбе расид. Рӯзи 8-уми август тобути чаҳор муҳоҷири тоҷик, ки дар як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Рязани Русия ба ҳалокат расиданд, ба Душанбе оварда шуд. Садамае рӯзи 6-уми август ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷаи он 6 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як духтари 14-сола ҷон бохтанд (видео)

- Партовҳои соҳили дарёи Варзоб (видео)

- Сиҳат шудаанд? 18 ҳазор нафар маҳрум аз нафақаи маъюбӣ. Дар ҳоле, ки бархе маъюбон аз кам будани ҳаққи нафақа, саргардониҳо барои гирифтани он шикоят мекунанд, мақомот аз қатъи нафақаи маъюбии ҳазорон нафар хабар медиҳанд (видео)

- Амалиёти махсуси боздошти Отамбоев ва оқибатҳои он​. (видео)

- Неруҳои махсуси КДАМ-и Қирғизистон ба манзили Отамбоев ҳамла карданд (видеои Настоящее время)

- «Таъминкунандагон»-и муҳоҷирони байналхалқӣ. Ба иттилои Pew Research Center, бештар аз чаҳор миллион зодаи Қазоқистон як сол ва бештар аз он дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ кардаанд (инфографика)

- «Ҳолати ягона» vs. «фарҳанги хушунат». Дар бораи шиканҷа дар зиндонҳои Қазоқистон (видео)

- Бедодгарии калламушҳо дар шифохонаи Кӯлоб. Бемористони эндрокринологии шаҳри Кӯлоб тақрибан ним аср аст, ки фаъолият дорад. Ҳоло бому дару фаршаш сӯрох шудаанд. Калламушҳо ҳам, ки дорои ангезандаҳои зиёди беморӣ ҳастанд, меҳмони доимии ин шифохона шудаанд (видео)

- "Бе машварат ҳам зӯрамон ба дастархони пурдабдаба намерасад". Баъзе аз сокинони Душанбе мегӯянд, бе машварати мақомот ҳам зӯрашон ба оростани дастархони пурдабдаба намерасад. Кумитаи дин аз шаҳрвандон хостааст, ки дастархони хоксорона ороста, аз исроф худдорӣ кунанд (видео)

- Ҷароҳати камаш 95 кас дар таркиши Кобул. Гуруҳи ҷангҷӯи «Толибон» масъулияти ташкили таркиш дар қисмати ғарби Кобул пойтахти Афғонистонро бар душ гирифт. Субҳи чоршанбе 7-уми август мошини пур аз маводи мунфаҷира дар наздикии идораи полис таркид. Бинобар иттилои охирин 95 нафар дар ин инфиҷор маҷруҳ шуданд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG