Ссылки доступа

Вакилони мудофеи тоҷик ба дифои ҳамкасби латтукӯбшудаашон бархостанд


Вакилони мудофеи тоҷик хостори таҳқиқи қазияи як ҳамкори худ шуданд, ки иддао дорад маъмурони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ӯро шиканҷа кардаанд.

Ҳодиса моҳи апрели имсол рух додааст. Вале мақомот Абдулазиз Абдураҳмонзодаро ба қаллобӣ муттаҳам мекунанд.

Қарор буд, рӯзи 8-уми август қазияи Абдулазиз Абдураҳмонзода дар Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе баррасӣ шавад. Вале бо сабаби ҳозир нашудани додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ мурофиаро ба таъхир гузоштанд.

Дилшод Ҷӯраев, намояндаи Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон дар Тоҷикистон, рӯзи 8-уми август гуфт, қазияи вакили мудофеъ Абдулазиз Абдураҳмонзодаро пайгирӣ доранд. Вай афзуд, "арзи адвокат дар бораи истифода аз шиканҷа нисбат ба ӯ бояд ба таври зарурӣ тафтиш карда шавад".

Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон ва Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар баёнияе гуфтаанд, Абдулазиз Абдураҳмонзода барои онки гӯё талаби кормандони Оҷонси зидди фасодро дар бораи "пора" додан ба як додрас рад кард, шиканҷа шудааст. "Ва илова бар он, ба зидди худаш парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд", -- гуфта шудааст дар изҳорот.

Саидбек Нуриддинов, раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон, рӯзи 8-уми август гуфт, то охир аз ҳуқуқи вакили дифоъ дар додгоҳ ҳимоят хоҳанд кард. Нуриддинов афзуд, "иддаои мақомот дар бораи даст ба қаллобӣ задани вакили мудофеъ асос надорад". Зеро Абдулазиз Абдураҳмонзода, ба гуфтаи ӯ, бар асоси шартномаи имзошуда аз муштарӣ ҳаққи кор гирифтааст ва "қонун инро манъ намекунад".

Мақомоти Оҷонси зидди фасод ҳозир нашуданд, то қазияи боздошт ва шиканҷаи вакили мудофеъро расман шарҳ диҳанд.

Ба қавли мақомоти Оҷонсӣ, вакили мудофеъ "бо истифода аз мақоми хидматиаш аз Саймурод Саидов барои ҳалли баҳси шаҳрвандӣ оид ба барқарор намудани зарари расонидашуда ба маблағи 500 доллар талаб намудааст".

Дар ин санад дар бораи шиканҷа шудан ё нашудани Абдулазиз Абдураҳмонзода чизе гуфта нашудааст. Вале Додситонии шаҳри Душанбе дар посух ба дархости вакилони мудофеъ шиканҷа шудани Абдулазиз Абдураҳмонзодаро рад кардааст.

Ин дар ҳолест, ки дар як санади Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судӣ аз 18-уми апрели имсол омадааст, дар бадани Абдураҳмонзода "шикасти сараки дандон"-ро мушоҳида карданд.

Масъулони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тибби-судӣ тахмин кардаанд, ки "ҷароҳатҳо мумкин аст аз таъсири ҷисмҳои кунду сахт дар санаи 17-уми апрел ба вуҷуд омадаанд".

Абдулазиз Абдураҳмонзода 27-сол дошта, феълан бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ аст. Ӯ чаҳор сол боз ба ҳайси вакили дифоъ кор мекунад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, солҳои охир дар Тоҷикистон фаъолияти вакилони мудофеъ мушкил шудааст. Аз соли 2014 ба ин тараф чанде аз вакилони мудофеъро боздошту зиндонӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG