Ссылки доступа

Роҳбарони танқидшудаи се вилояти Ӯзбекистон барои ислоҳи вазъ фурсат гирифтанд


Роҳбарони вилоятҳои Қашқадарё, Фарғона ва Хоразми Ӯзбекистон дар мақомҳояшон боқӣ монданд. Ин дар ҳолест, ки чанде пеш онҳо аз сӯи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар пайи тахриби амволи сокинон ва соҳибкорон танқид шуниданд.

"Бо назардошти миқёси хисороте, ки дар пайи тахриби манзили сокинон ба бор омадааст, аз мақом фавран барканор кардани ҳокимон онҳоро аз мушкилӣ раҳо кардан ва мушкилии ҷамъшударо ба дӯши ҷойнишинони онҳо вогузоштан аст", - омадааст дар изҳороти дастгоҳи президент ва девони вазирони он кишвар.

Шавкат Мирзиёев аз пешниҳоди "иштироки шахсии роҳбарони вилоятҳои мазкур дар корҳои бартарафсозии камбудиҳои сарзада, барқарории комили ҳуқуқи сокинон ба амвол ва баргардонии эътимод ба давлат ҷонибдорӣ кардааст".

Дар як ҷаласаи рӯзи 2 август Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ба зердастонаш дастур дод, ки дар робита ба барканории раисони вилоятҳои Фарғона, Хоразм ва Қашқадарёи Ӯзбекистон чораҷӯӣ кунанд.

Рӯзи 4 август роҳбарони се вилоят дар мазҳари ом узрхоҳӣ карданд. Пештар аз ин роҳбарони мазкур ба тахриби манзили сокинони вилоятҳои ёдшуда дастур дода, аммо масъалаи пардохти ҷубронпулиро сарфи назар карда буданд.

XS
SM
MD
LG