Ссылки доступа

Як навраси 13-сола дар Ӯзбекистон дар таҷовузи кӯдаки 4-сола гумонбар мешавад


Як навраси 14-сола дар хобгоҳи умумӣ барои хонаводаҳои камбизоат дар ноҳияи Пайариқи вилояти Самарқанди Ӯзбекистон кӯдаки 4-соларо таҷовуз кардааст. Дар ин бора як шоҳиди ҳодиса ба расонаҳо хабар дод.

Табибе аз бемористони ноҳияи Пайариқ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, 1 август духтари 4-солае бо нишонаҳои хушунати ҷинсӣ ба бемористон оварда шуд.

"Ӯро табиби навбатдор муоина кард. Вале баъдтар духтаракро ба ихтиёри милисаҳо супурданд ва ӯ аз ташхиси тиббӣ-судӣ гузаронида шуд", - гуфт табиб.

"Мо дар хобгоҳи умумӣ истиқомат мекунем. Навраси 13-сола ҳамроҳ бо модару хоҳараш зиндагӣ мекунад. Духтараки 4-сола бошад, бо модару модаркалонаш. Наврас ӯро бо яхмос фиреб дода, таҷовуз кардааст", - гуфт шоҳиди ҳодиса.

Пулис ва кормандони додситонӣ ба таҳқиқи ҳодиса пардохтаанд.

XS
SM
MD
LG