Ссылки доступа

Эътирози мақомоти Афғонистон дар робита ба қабули ҳайати толибон дар Ӯзбекистон


Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар робита ба қабули ҳайати ҳаракати "Толибон", нисбати Ӯзбекистон эътироз баён кард.

Сибғатулло Аҳмадӣ, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Афғонистон гуфт, ҳукумати Афғонистон аз ҳамкориҳо дар масъалаи барқарории сулҳ истиқбол мекунад. Аммо ба гуфтаи вай, "қабули расмӣ" ва хосияти мулоқоти охир ба барқарории гуфтугӯҳо байни мақомоти афғон ва толибон мусоидат намекунад. Ин мақомдори Афғонистон даъват кард, ки ба нақши калидии ҳукумат ва мардуми Афғонистон дар раванди музокирот эҳтиром гузошта шавад.

Дар вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 8 август мулоқоти намояндагии сиёсии "Толибон" дар шаҳри Доҳаи Қатар, бо роҳбарии мулло Бародар Охунд баргузор шуд.

Дар ин мулоқот масъалаи барқарории сулҳ дар Афғонистон баррасӣ шуд.

"Мулло Бародар аз ҷониби Ӯзбекистон барои таваҷҷуҳи доимӣ ба масъалаи Афғонистон сипосгузорӣ кард. Вай гуфт, бо талошҳои Ӯзбекистон масъалаи Афғонистон дубора дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт", - омадааст дар хабари вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

Ҳаракати "Толибон" аз пешниҳоди баргузории даври навбатии гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон дар шаҳри Самарқанд истиқбол кард.

XS
SM
MD
LG