Ссылки доступа

Қирғизистон мехоҳад, гузаргоҳҳои басташударо дар марз бо Ӯзбекистон дубора боз кунад


Хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон пешниҳод дорад, гузаргоҳҳои басташуда байни Қирғизистону Ӯзбекистон дубора боз шаванд. Ин пешниҳод дар стратегияи рушди Хадамоти гумрук барои солҳои 2019-2020 зикр шудааст.

Дар ҳуҷҷат омадааст, ки ба далели густариши гардиши мол ва ҳамлу нақл байни ду кишвар ба гузаргоҳҳои бештар эҳтиёҷ пайдо шудааст.

Гулмира Борубоева, сухангӯи хадамоти гумруки Қирғизистон гуфт, байни ду кишвар дар ҳоли ҳозир аз 15 гузаргоҳи мавҷуд, 8 тои он фаъолият мекунад.

"Гузаргоҳҳои боқимонда аз сӯи Ӯзбекистон якҷониба баста шуданд. Агар ҳукуматҳои ду ҷониб тасмимгирӣ кунанд, фаъолияти гузаргоҳҳои боқимонда дубора ба роҳ монда мешавад", - гуфт вай.

Бештари гузаргоҳҳо байни ду кишвар баъди ҳаводиси соли 2005 дар Ӯзбекистон, баста шуданд. Дар соли 2016, баъди барқароии муносибатҳо миёни Бишкеку Тошканд, қисме аз гузаргоҳҳо дубора фаъол шуданд.

XS
SM
MD
LG