Ссылки доступа

Дар Самарқанд нуқтаи фурӯши сӯзишворие дар назди коллеҷ оташ гирифт (видео)


Рӯзи 12 август дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон нуқтаи фурӯши сӯзишворие оташ гирифт. Дар ин бора хадамоти давлатии сухторнишонии Ӯзбекистон иттилоъ дод.

Дар хабари расмӣ омадааст, ки оташ соати 17:27 дақиқа рух дод.

Гуфта мешавад, ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар наздикии коллеҷ ё омӯзишгоҳи Захираи олимпӣ ҷойгир аст.

Хадамоти сухторнишонӣ мегӯяд, оташ давоми 20 дақиқа хомӯш карда шуд.

"Дар рафти сухтор фавтидагон ё захмбардоштагон ба қайд гирифта нашуданд", - омадааст дар хабар.

Сабабҳои сухтор дақиқ карда мешавад.

XS
SM
MD
LG