Ссылки доступа

ВКД Тоҷикистон: "Хӯҷа-Командир боздошт шуд"


Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 14-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бале, ҳоло гурӯҳҳои корӣ кор карда истодаанд, аз ҷумла Интерпол, вазорати хориҷӣ ва намояндагии мо дар Иморот".

Умарҷони Эмомалӣ афзуд, ки дар ҳоли ҳозир гуфтушунид барои истирдоди Хӯҷа Каримов аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Тоҷикистон идома дорад.

Ҳанӯз маълум нест, ки Хӯҷа Каримов чӣ гуна ва таҳти чӣ шароите боздошт шудааст. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, боздошти Хӯҷа Командир аз сӯи "Интерпол" бо дархости ҷониби Тоҷикистон сурат гирифтааст. Дар бораи боздошт шудани ӯ нахустин шуда бо такия ба ду манбаи худ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон сомонаи Ахбор.ком иттилоъ дод.

Хабари боздошт шудани ин фармондеҳи собиқи Фронти халқии пешин дар ҳоле садо дод, ки қаблан гуфта мешуд, ӯ солҳои охир дар Малайзия ба сар мебарад.Эҳтимол меравад Хӯҷа Каримов дар соли 2000 пас аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ зиддаш Тоҷикистонро тарк кард ва ҳукумат ба воситаи "Интерпол" пайгарди қонунии ӯро эълом дошт.

Хӯҷа Каримов барои, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, даст доштанаш дар чандин ҷиноят дар солҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон, мавриди пайгард қарор дошт.

Вай ба ҷиноятҳо зидди ҳаёт ва саломатии инсонҳо, одамрабоӣ, ҷиноятҳои созмондодашуда ва фаромиллӣ, куштор ва ғоратгарӣ низ айбдор мешавад.

Маҳдӣ Собир, полковники бознишаста ва коршиноси масоили низомӣ, ки дар бораи фаъолияти Хӯҷа-Командир таҳқиқот анҷом додааст, мегӯяд, ӯ дар солҳои ҷанги дохилӣ ду вакили порлумонро ба қатл расонд ва дар куштору гаравгонгирӣ ва қатлу ғорат низ даст дорад.

Ба гуфтаи Маҳдӣ Собир, куштори ду вакили порлумони Тоҷикистон Сияршо Шоев ва Саидшо Шоев ва низ Тағай Шукуров, корманди мақомоти судӣ, бо роҳнамоӣ ва бо дасти ӯ сурат гирифтааст.

"Боздошти Хӯҷа-Командир дар ин рӯзҳо нишон медиҳад, ки ҳукумати қонунасос фаъол аст, дар солҳои ҷанги дохилӣ командирсолорӣ ҳукмфармо буд",-мегӯяд Маҳдӣ Собир.

Хӯҷа Каримов қабл аз фирораш ноиби аввали фармондеҳи бригадаи махсус дар Вазорати дифоъ ва раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон буд.

XS
SM
MD
LG