Ссылки доступа

Ӯзбекистон барои шаҳрвандони 20 кишвари дигар визаро бекор кард


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 12 август фармон "Дар бораи чораҳои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ"-ро дар кишвараш имзо кард.

Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, сар аз 1 январи соли 2020 барои шаҳрвандони 20 кишвари дар зер омада ба муҳлати 30 шабонарӯз низоми бидуни раводид (виза) ҷорӣ хоҳад шуд.

  1. Антигуа ва Барбуда
  2. Барбадос
  3. Белиз
  4. Гренада
  5. Ҷумҳурии Доминикана
  6. Мексика
  7. Ҷумҳурии Гватемала
  8. Ҷумҳурии Гондурас
  9. Ҷумҳурии Коста-Рика
  10. Ҷумҳурии Куба
  11. Ҷумҳурии Никарагуа
  12. Ҷумҳурии Панама
  13. Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго
  14. Ҷумҳурии Салвадор
  15. Сент-Винсент ва Гренадинӣ
  16. Сент-Люсия
  17. Иттиҳоди ҷазираҳои Баҳамасҳо
  18. Иттиҳоди Доминика
  19. Федератсияи Сент-Китса ва Невиса
  20. Ямайк

Ҳадафи фармон баланд бардоштани самаранокии ислоҳоти соҳаи ҷаҳонгардӣ, афзоиши шумори шаҳрвандони хориҷӣ ва иҷрои консепсияи рушди соҳаи туризм барои солҳои 2019-2025 гуфта шудааст.

XS
SM
MD
LG