Ссылки доступа

Воридоти чорво аз боҷ озод шуд. Гӯшт кай арзон мешавад? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.​

- Воридоти чорво аз боҷ озод шуд. Гӯшт кай арзон мешавад? Мақомоти Тоҷикистон аз аввали моҳи август воридоти чорво ва хӯроки онро аз андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ва боҷи гумрукӣ озод кардаанд. Ин тасмим бо ҳадафи коҳиши нархи гӯшт дар Тоҷикистон гирифта шудааст. Вале ба гуфтаи коршиносон, муҳлати дарозе даркор аст, ки татбиқи қарор ба нарх таъсир кунад. (видео)

- Осиё: барканории муовини вазир барои "хиёнат". Муовини вазири умури дохилии Қирғизистон, ки бо Алмосбек Отамбоев гуфтугӯ карда буд, дар хиёнат ба давлат айбдор шуд. Даъвати ҷонибдорони президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба бозпурсӣ идома дорад. Дар Тоҷикистон размоиши муштараки низомӣ бо Чин баргузор мешавад. (видеои Настоящее время)

- Зидди Отамбоев айбҳои нав эълом карданд. (видео аз Директ)

- «Мунтазир бимонем, ки кай рӯзноманигоронро мекушанд?». Вакили дифоъ Айман Умарова аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев даъват дорад, ки парвандаи ҳамла ба рӯзноманигоронро зери назорат қарор диҳад. (видео)

- Дар Тоҷикистон муҷозот барои танфурӯшӣ сахттар шуд (видео)

- "Муаллима гуфт, чапдаст кундаи дӯзах аст". Дар саросари ҷаҳон рӯзи 13-уми август ҳамчун Рӯзи чапдастҳо таҷлил мешавад. Ҳадаф аз эълони чунин рӯз аз байн бурдани тасаввурҳои нодуруст дар бораи инсонҳоест, ки бо дасти чап бештар кор мекунанд. Достони се чапдасти воқеиро дар ин гузориш бубинед (видео)

- "Ҳар вақт барои муолиҷа меравем, як говро мефӯрушам". Як духтари 26-солаи тоҷик, ки баъд аз муолиҷаи тӯлонӣ дар ниҳоят роҳ рафтанро ёд гирифт, бим дорад, қатъи муолиҷа дигарбора ӯро бемори бистарӣ мекунад. Бахтиннисо Сафарова аз деҳаи Гулободи ноҳияи Восеъ, ки ҳоло андаке мустақил шудааст, тайи ду даҳсола бе дастёр ҳеч кор карда наметавонист (видео)

- Осиё: боздошти ҷонибдорони Отамбоев. Дар Қирғизистон ҷонибдорони президенти пешин Алмосбек Отамбоевро боздошт мекунанд. Президенти Туркманистон пас аз сару садоҳо дар бораи маргаш дар мазҳари ом ҳозир шуд. Дар Тоҷикистон мехоҳанд, ҷазо барои ангехтани бадбинии миллиро сабуктар кунанд. (видеои Настоящее время)

- Додгоҳи чаҳор милисаи тоҷик барои шиканҷаи Ҳамза ва... Додгоҳи шаҳри Душанбе ба муҳокимаи чаҳор милисаи тоҷик оғоз кард, ки ба шиканҷаи боздоштшудаҳо муттаҳаманд. Мурофиа рӯзи 8-уми август баргузор шуд. Дар курсии айбдорӣ Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Икромиддини Аҳлиддин ва Умед Ваҳҳобов – кормандони собиқи Раёсати умури дохилии Душанбе – нишастаанд. (видео)

- Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов овозаҳо дар бораи маргашро аз байн бурд(видео)

- Ахбори Озодӣ аз 12-уми августи соли 2019. Президенти Туркманистон дар мазҳари ом пайдо шуда, овозаҳо дар бораи бемориву маргашро аз байн бурд, кӯдакон идгардакро ба ҷо оварданд, Русия ба ширкати амрикоии Гугл таҳдид кард ва матолиби дигар (видео)

- Амволи телевизиони "Апрел" дар Қирғизистон ба ҳабс гирифта шуд. Шаби 9 август мақомоти қудратии қирғи ба бинои "Медиа-Форум", ки ба президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рабт дорад, омаданд ва амволи телевизиони "Апрел"-ро ба ҳабс гирифтанд (видео аз Директ)

- Муносиботи Путин бо Ғарб чи гуна густариш ёфт (видеои Настоящее время)

- Дар Ӯзбекистон нахустин филми фоҷиавӣ ба навор гирифта шуд (видео)​

- Сокинони як деҳа дар Қирғизистон 40 сол аст, ки аз мақомоти гузаронидани лӯлаи обро дархост доранд (видео аз Директ)

- 20 соли ҳукумати тағйирнаёбанда. Аз рӯзи сари қудрат омадани Владимир Путин дар Русия, 20 сол гузашт. Он замон президенти вақти Русия Борис Елтсин ҳукуматро ба истеъфо фиристод ва мудири ФСБ Владимир Путинро иҷрокунандаи вазифаи сарвазир таъйин кард. Чи гуна як корманди ноошнои ФСБ ба як сиёсатмадори таъсиргузортарини дунё табдил шуд (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG