Ссылки доступа

Муовини пешини вазири дохилии Қирғизистон бо ҷурми фармоннобардорӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб мешавад


Додситонии кулли Қирғизистон субҳи 14 август нисбати Курсан Асанов, муовини пешини вазири корҳои дохилии Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Асанов рӯзҳои 7-8 август дар ҳамла ба манзили президенти он кишвар Алмосбек Отамбоев ширкат ва президенти пешинро ба таслимшавӣ водор кард.

Асанов ахиран бо ҷурми "хиёнат ба манофеи милисаи Қирғизистон" аз мақом барканор шуд.

Мақомоти додситонӣ хабар доданд, ки парванда бо моддаи "Сӯистифода аз мақом" ба он хотир боз шудааст, ки Асанов: ҳангоми ҳамла дастурҳои вазири корҳои дохилиро нодида гирифта; худсарона амал карда; ҳангоми ҳамла ҳайати шахсиро беназорат гузошта ва бо ин рафтораш кормандони милисаро дар хатар гузоштааст.

Ба навиштаи расонаҳо, додситонӣ ҳамчунин иттилоъ дар бораи аз сӯи Асанов ба ҷонибдорони Отамбоев расонидани маълумоти хизматиро меомӯзад.

"Моих ребят не трогайте!" Атамбаев сдается после штурма его резиденции
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:58 0:00

"8 август, замоне ки вазири корҳои дохилӣ Қашқар Ҷунушалиев дар бораи таслимшавии Отамбоев ба созиш расида буд, Курсан Асанов бо назардошти манфиатҳои шахсии худ, минтақаи таҳти назораташро тарк карда, ба ин тартиб аз иҷрои масъулиятҳои шахсиаш сарпечӣ намуда, барои анҷоми гуфтугӯ вориди манзили Отамбоев шудааст", - хабар дод маркази матбуотии вазорати корҳои дохилии Қирғизистон.

ВКД ҳамчунин гуфт, ки Асанов "ба таблиғи шахсии худ пардохта, ба кормандони милиса дастур дод, ки рӯйдодҳоро ба навор гиранд".

Асанов ахиран гуфт, ки дар манзили Отамбоев "қарзи хизматиашро иҷро карда" ва "назди кишвару виҷдонаш пок аст". "Манфиатҳои шахсиамро ман болотар аз манфиатҳои давлатӣ нагузоштаам", - гуфт вай.

"Вооруженным во всем здании был один я": интервью Атамбаева утром после штурма
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:39 0:00

Додситонии кулли Қирғизистон рӯзи 13 август зидди президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев дар робита ба ҳаводиси деҳаи Кой-Тош айб эълом кардааст.

Ба гуфтаи додситони кулли Қирғизистон Откурбек Ҷамшедов, дар робита ба ҳаводиси мазкур чанд парвандаи ҷиноӣ боз ва зидди ҷонибдорони Отамбоев айбҳои алоҳида эълом карда шуд.

"Зидди Отамбоев барои ташкили бетартибии оммавӣ, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ, гаравгонгирӣ, куштор ва сӯиқасд айб эълом шуд", - иттилоъ дод додситони кулли Қирғизистон.

Ба гуфтаи Ҷамшедов, Отамбоев дар ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла "Ташкили бетартибиҳои оммавӣ", "Ташкили куштор", "Ташкили сӯиқасд" ва "Ташкили гаравгонгирӣ" айбдор мешавад.

Ҷамшедов афзуд, ки президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков тафтиши парвандаҳои марбут ба ҳаводиси Кой-Тошро зери назорат гирифта, талаб кардааст, ки онҳо дар асоси қонун таҳқиқ ва дастандаркорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар доираи парвандаҳои мазкур амволи Отамбоев ба ҳабс гирифта шудааст.

Ёдрас мешавем, рӯзҳои 7 ва 8 августи соли равон дар деҳаи Кой-Тоши вилояти Чуйи Қирғизистон амалиёти боздошти Отамбоев сурат гирифта, дар ҷараёни он миёни ҷонибдорони президенти пешин ва неруҳои махсуси Кумитаи амният занозанӣ шуд. Худи Отамбоев дар рӯзи дувуми амалиёт таслим ва то 26 август ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Дар доираи парвандаи ҳаводиси Кой-Тош то ҳол сардори пешини дастгоҳи президент Фарид Ниёзов, аъзои Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Алга Киличов, Кияз Смайлов ва Амантур Жамгирчиев то 8 октябр ба ҳабс гирифта шудаанд. Онҳо дар гаравгонгирии сарбозони неруҳои махсусе айбдор мешаванд, ки 7 август барои боздошти Отамбоев ба деҳаи Кой-Тош рафта буданд. Зиддашон бо бандҳои "гаравгонгирӣ" ва "ташкили бертартибии оммавӣ" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG