Ссылки доступа

Ӯзбекистон харҷи ширкатҳои филмсозеро мепӯшонад, ки дар бораи ин кишвар филм меофаранд


Сар аз соли оянда ҳукумати Ӯзбекистон қисман харҷи ширкатҳои хориҷиеро мепӯшонад, ки дар бораи ин кишвар филм, намоҳанг ва ё филми тасвирӣ меофаранд.

Дар фармони Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон "Дар бораи рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ" омадааст, "ҳангоми сохтани маҳсулоти аудиовизуалӣ дар ҳудуди Ӯзбекистон аз сӯи ширкатҳои хориҷӣ, 20 дарсади харҷи онҳо аз ҳисоби буҷаи давлат пӯшонида мешавад".

Дар ҳудуди кишварҳои ИДМ чунин таҷриба дар ҳоли ҳозир танҳо дар Ӯзбекистон роҳандозӣ хоҳад шуд.

Ба ҷуз ин, ширкатҳое, ки мехоҳанд, дар бораи таърих ва шахсиятҳои таърихии Ӯзбекистон филми мустанад созанд, дар ҳаҷми то 333 ҳазор доллар барои як филм, кумак дарёфт хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG