Ссылки доступа

Трамп ҳамтои чиниашро дар робита ба буҳрони Ҳонконг ба гуфтугӯ даъват кард


Шоми рӯзи чаҳоршанбе Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, омодааст, бо ҳамтои чиниаш Си Ҷинпин гузинаҳои роҳҳали буҳрони Ҳонконгро баррасӣ кунад.

Трамп дар ин бора дар саҳифаи Твиттер изҳори назар кард. Роҳбари Амрико навишт, шарти муқаддимавии ИМА барои ҳалли буҳрон талаби муносибати "инсонвор"-и мақомоти Чин нисбати Ҳонконг аст.

Пешниҳоди Трамп дар ҳоле садо меҳидад, ки расонаҳо аз ҷамъшавии неруҳои низомии Чин дар марз бо Ҳонконг хабар доданд. Ҳазорон сокини минтақаи махсуси Чин ҳафтаи даҳҳум аст, ки зидди созиш бо Чин дар робита ба истирдоди гумонбарон эътироз доранд ва ҳамзамон истеъфои роҳбари Ҳонконгро талаб мекунанд.

Департаменти давлатии ИМА пештар аз ин гуфт, аз интиқоли низомиҳои Чин ба марзи Ҳонконг "амиқан нигарон аст". Бархе аз мақомҳои амрикоӣ мегӯянд, дар ҳоли ҳозир нишонаҳои тасмими Чин барои ҳамла ба Ҳонконг дида намешавад.

Расонаҳо аз қавли мақомоти Чин навиштанд, ки неруҳои чинӣ барои анҷоми размоиш дар наздикии марз бо Ҳонконг ҷамъ шудаанд.

XS
SM
MD
LG