Ссылки доступа

Нозири ӯзбекро барои ҷалб накардани сармоягузор ба таъмири бинои пулис аз кор ронданд


Нозири пешини умури фаҳмондадиҳӣ Фурқат Қурбонови 31-сола мегӯяд, пас аз шаш соли хидмат дар мақомоти умури дохилии ноҳияи Бухоро барои он ки ба таъмири бинои шуъбаи пулис сармоягузореро ҷалб накард, аз мақом барканор шуд.

Ба гуфтаи Қурбонов, бинои шуъбаи пулиси ноҳияи Бухоро моҳҳои август-октябри соли 2018 аз ҳисоби пули сармоягузороне таъмир шуда буд, ки кормандони қатории ҳифзи ҳуқуқ пайдо карда буданд.

"Бо насби дару тирезаҳои плостикии ширкати AKFA шахсан худамон машғул шудем. Ҳар яки онҳоро 850-ҳазорсӯмӣ (ҳудуди 100-долларӣ) харида будем. На вазорат ва на ҳукумат барои таъмири бинои шуъбаи пулис як танга ҷудо накарданд. Ҳамаи корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби пули сармоягузороне анҷом шуданд, ки мо пайдо карда будем", - афзуд ӯ.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар Шуъбаи пулиси Бухоро кормандони қатории ҳифзи ҳуқуқро маҷбур мекарданд, ки дар баробари таъмири бинои шуъбаи пулис ҳамчунин барои бунёди иншооти хидматрасонӣ дар ҳудуди шуъба низ сармоягузор пайдо кунанд.

Қурбонов мегӯяд, сардори пулиси ноҳияи Бухоро моҳи июни соли равон ӯро барои он аз мақом барканор кард, ки аз иҷрои дастури пайдо кардани сармоягузор барои таъмири бино худдорӣ кард. "Ба раҳбарият гуфтам, ки дигар ин корро карда наметавонам. Дар посух гуфт, ба мо корманде, ки аз иҷрои дастурҳо сарпечӣ мекунад, лозим нест. Сипас барои барканор кардани ман баҳонаковӣ сар шуд ва дар ниҳоят маро ронданд", - изҳор дошт Фурқат Қурбонов.

Намояндаи Шуъбаи пулиси ноҳияи Бухоро Азим Холиқов тасдиқ кард, ки як қисми таъмири бинои шуъба бо пули сармоягузорон анҷом шудааст. Вале ӯ гуфт, касе нозиронро ба пайдо кардани сармоягузор маҷбур накардааст. "Қурбонов шояд аз барканорияш ба ғазаб омада, ин гапҳоро гуфта бошад. Дар мо касе нозиронро маҷбур намекунад, ки сармоягузор биҷӯянд. Ҳатто агар онҳо пайдо ҳам карда бошанд, ихтиёрӣ ин корро кардаанд", - афзуд намояндаи пулиси Бухоро.

XS
SM
MD
LG