Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон милиса нисбати фурӯшандаҳои эътирозгар аз неру кор гирифт (видео)


Дар бозори ноҳияи Оққурғони вилояти Тошканди Ӯзбекистон рӯзи 13 август даҳҳо зан дар робита ба сохтмони мағоза дар макони савдои онҳо эътироз карданд.

Дар наворе, ки дар расонаҳо нашр шуд, дида мешавад, ки чи гуна занони савдогар бо кормандони милиса баҳс мекунанд.

Ба гуфтаи як шоҳид, сабаби эътирози занон сохтмони мағозаест, ки дар макони тиҷорати онҳо бунёд мешавад.

"Ин занҳо дар канори роҳ савод мекунанд. Ҷои савдои онҳо ҳамеша серодам аст. Ҳамин заминро ба кадоме аз соҳибкорон фурӯхтаанд ва соҳибкор ба сохтмони мағоза шуруъ кардааст. Сохтмон хашми занонро ба бор овард. Онҳо девори сохтмонро вайрон карданд. Милиса ба ҷои ҳодиса ҳозир ва яке аз занҳоро боздошт кард. Занони дигар бо милиса баҳсу даъво карданд ва сардори пулис дастур дод, ки дигарон боздошт нашаванд ва зани боздоштшударо низ раҳо карданд", - гуфт шоҳиди ҳодиса.

Як мақомдори ноҳияи Оққурғон гуфт, баъди эътирози занон сохтмони мағоза боз дошта шудааст. Ба гуфтаи вай, занон ба тиҷорат машғул ҳастанд.

XS
SM
MD
LG