Ссылки доступа

Муҳоҷирони ӯзбекистонӣ дар Русия мумкин аст, аз равғани растанӣ заҳролуд шудаанд


69 тан аз муҳоҷирони меҳнатии Ӯзбекистон, ки дар ширкати кишоварзие дар вилояти Самараи Русия фаъолият мекарданд, эҳтимол аз заҳри муше заҳролуд шудаанд, ки дар равғани растанӣ омехта шуда буд.

11 тан аз сокинони вилояти Улянови Русия, аз ҷумла ду кӯдак, баъди заҳролудшавӣ аз равған дар бемористон бистарӣ шуданд. Ду тан аз заҳролудшудаҳо фавтиданд.

Мақомоти тандурустии вилояти Улянов хабар доданд, ки нишонаҳои заҳролудшавии сокинони ин вилоят ба нишонаҳои бемории 69 тан аз шаҳрвандони Ӯзбекистон монанд аст.

"11 тан зери назари табибон ҳастанд, ду кас фавтид. Нишонаҳои ҳар ду якранг буд: навъҳои гуногуни хунравӣ. Дақиқ шуд, ки ҳамаи ин одамон дар ғизо аз як навъ равғани растанӣ истифода кардаанд", - хабар дод Гулия Заббарова, сухангӯи мақомоти тандурустии Улянов.

Як сокини 69-солаи вилояти Улянов аз донаи офтобпарасте 200 литр равған истеҳсол кард, ки эҳтимол дорад, он бо доруи марги муш омехта шуда буд. Ин сокини вилояти Улянов донаи офтобпарастро аз ширкати кишоварзие аз вилояти Самара дарёфт кард, ки 69 тан муҳоҷири ӯзбекистонӣ миёнаҳои моҳи июл онҷо заҳролуд шуда буданд.

200 литр равғани истеҳсолшударо сокини 69-солаи Улянов ба вилояти Самара интиқол дод. Вай 15 литри равғани истеҳсолшударо барои худ боқӣ гузошт, ки духтараш 10 литри онро ба ҳамкоронаш тақсим кард. Ҳашт тан аз онҳое, ки ин равғанро истеъмол карданд, дар бемористон бистарӣ шуданд.

Ёдрас мешавем, 18 июл дар вилояти Самараи Русия 69 тан муҳоҷири ӯзбекистонӣ бо нишонаҳои заҳролудшавӣ дар бемористон бистарӣ шуданд. Бемории онҳо ба бемории сокинони вилояти Улянов шабоҳат дошт. Рӯзи 4 август Ойбек Собирови 24-сола, як тан аз ӯзбекистониҳои заҳролудшуда дар бемористон фавтид.

Ба иттилои расмӣ, аз 69 муҳоҷири заҳролудшуда то кунун 54 тани онҳо дар бемористон табобат мегиранд. Мақомоти тандурустии Ӯзбекистон гуфтанд, рӯзи 17 август чанде аз табибони Ӯзбекистон барои муолиҷаи муҳоҷирони заҳролудшуда ба Самара парвоз кардаанд.

XS
SM
MD
LG