Ссылки доступа

Путин гуфт, Кремл дар посух ба озмоиши мушаки нави ИМА чораҷӯӣ мекунад


Владимир Путин, президенти Русия дар сафараш ба Финландия аз озмоиши мушаки болдори ИМА интиқод кард.

Вай ҳамчунин дар ин сафар эътирозҳои сокинони Москваро барои интихоботи озод камаҳамият баҳо дод ва ҳамчунин гуфт, таркиши силоҳи атомӣ дар размоишгоҳи Северодвини Русия ба ҳамсояҳо хатар эҷод намекунад.

Путин дар ин бора дар нишасти хабарии муштарак бо президенти Финландия Саулӣ Ниинистё рӯзи 21 август дар шаҳри Ҳелсинкӣ изҳори назар кард. Мулоқоти Путин бо Саулӣ ба равобити дуҷониба дар бахши тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ бахшида шуда буд. Аммо дар нишасти хабарӣ Путин бештар дар бораи мавзуоти дохилии Русия ва мушкилоту баҳсҳои байналхалқӣ изҳори назар кард.

Президенти Русия дар ин нишаст гуфт, ки озмоиши мушаки нав дар ИМА хатарҳои наверо эҷод кардааст, ки Кремл бояд ба онҳо посух диҳад.

Пентагон рӯзи 18 август дар бораи озмоиши мушаки нави болдоре хабар дод, ки қодир аст, аз масофаи бештар аз 500 километр ба ҳадаф бирасад.

XS
SM
MD
LG