Ссылки доступа

Шӯрои амният озмоиши мушаки болдорро дар ИМА баррасӣ кард


Шӯрои амнияти СММ бо даъвати Чин ва Русия дар робита ба озмоиши мушаки болдор дар ИМА ҷаласаи изтирорӣ баргузор кард.

Ба назари Чин ва Русия, ин амали Вашингтон ба амнияти байналмилалӣ хатар дорад.

Иҷрокунандаи вазифаи намояндаи доимии ИМА дар СММ Ҷонатан Коэн дар ҷаласа Русияро ба нақзи шартҳои созишномаи дуҷониба ва сохтани мушаке айбдор кард, ки мамнуъ буд. Коэн аз Москва даъват кард, ки ҳодисаи 8 август дар Северодвинскаро шарҳ диҳад. Ӯ ҳамчунин Чинро ба афзоиши иқтидори мушакӣ айбдор кард.

Иҷрокунандаи вазифаи намояндаи доимии Русия дар СММ Дмитрий Полянский дар навбати худ гуфт, ба далели ҷоҳталабии геопалитикии ИМА то мусобиқаи таслиҳотӣ як қадам мондааст. Ба гуфтаи ӯ, иддаои Вашингтон дар мавриди нақзи созишнома аз сӯи Москва беасос аст.

Намояндаи Чин дар СММ Лю Сзей гуфт, созишномаи мазкур барои пешгирӣ аз мусобиқаи таслиҳотӣ муҳим буд. Ӯ ИМА ва Русияро ба муколама даъват карда, гуфт, хориҷшавияшон аз созишнома паёмади нохуб дорад. Сзей иттиҳомоти ИМА зидди Чин беасос номид.

Вашингтон хабар дод, ки 19 август, баъди хориҷ шуданаш аз созишномаи мушакӣ бо Русия бори нахуст мушаки болдореро озмоиш кард. Ба огаҳии Пентагон, мушаке, ки аз ҷазираи Сан-Николаси Калифорния партоб шуд, беш аз 500 километр парвоз карда, ҳадафро маҳв кард.

Пештар ИМА бар асоси Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвоз ҳақ надошт, мушакеро бисозад, ки аз 500 то 5 500 километр парвоз мекунад. Вашингтон аз ин созишнома, ки соли 1987 бо Иттиҳоди Шӯравӣ имзо карда буд, 2 августи соли равон хориҷ шуд. Дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, ки Русия тайи чандин сол онро нақз мекард.

XS
SM
MD
LG