Ссылки доступа

Роҳбарияти Туркманистон пул надоштани бонкоматҳоро эътироф кард


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон эътироф кард, ки дар бонкоматҳои бонкҳои кишвараш асъори нақд намерасад.

Аммо вай ин мушкилро ба дӯши мансабдорон гузошт. Бердимуҳаммадов гуфт, норасоии маблағ дар бонкоматҳо ба сиёсати молии ҳукумат дахл надорад. Ба гуфтаи вай, ин танҳо мушкили техникӣ аст.

Президенти Туркманистон дар ҷаласаи рӯзи 19 август гуфт, ки "дар муассисаҳои молӣ маблағ ба таври кофӣ мавҷуд аст". Вай афзуд, агар назорати доим аз болои кори бонкоматҳо анҷом шавад, ҳеч мушкиле боқӣ намемонад.

Дар ин робита Бердимуҳаммадов нисбати раиси Бонки марказии Туркманистон Мардон Аннадурдиев барои бе назорат мондани кори бонкоматҳо танбеҳ эълом кард.

Ин дар ҳолест, ки буҳрони норасоии маблағ дар бонкоматҳои он кишвар беш аз ду сол ин ҷониб идома дорад. Мунтазам маҳдудият ҷорӣ мешавад ва дар саросари он кишвар одамон пушти бонкоматҳо навбатпоӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG