Ссылки доступа

Белорус мехоҳад, аз ИМА нафт бихарад


Белорус мехоҳад, имкониятҳои харидории нафти амрикоиро баррасӣ кунад ва ба ин тартиб, аз вобастаги нафти Русия раҳо шавад.

Таваҷҷуҳи Минск ба нафти амрикоӣ баъди он пайдо шуд, ки Москва талош дорад, ҳамгироӣ бо Белорусро дар доираи тарҳи Кишвари муттаҳидаи Русияву Белорус тақвият бахшад.

Ширкати давлатии нафти Белорус, ки бо ширкати коркарди нафти "Белнефтехим" пайвандӣ дорад, Дэвид Ҷенкареллиро барои кумак кардан дар бардоштани таҳримҳои амрикоӣ аз Белорус киро кардааст. Бар асоси қарордод, Ҷенкареллӣ бояд мусоидат кунад, ки вазорати молияи ИМА барои фурӯши нафти амрикоӣ ба Белорус иҷозатнома диҳад.

Дар ин бора Дэвид Ҷенкареллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

Мақомоти Белорус то кунун дар ин робита иттилое надодаанд.

XS
SM
MD
LG