Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон дар як рӯз 10 миллион доллар фурӯхта шуд


Бонкҳои тиҷории Ӯзбекистон дар нахустин рӯзи дарёфти иҷозаи фурӯши доллари ИМА 9,6 миллион доллар фурӯхтанд. Дар ин бора палатаи савдову саноати он кишвар иттилоъ медиҳад.

Рӯзи 20 август Бонки марказии Ӯзбекистон эълом кард, ки бонкҳои тиҷорӣ тавассути нуқтаҳои мубодилаи асъор ҳақ доранд, асъори хориҷӣ ба фурӯш гузоранд.

Бонки марказии Ӯзбекистон ҳамчунин хабар дод, ки қурби сӯми миллӣ озод гузошта мешавад.

Пештар аз ин Бонки марказии Ӯзбекистон гуфта буд, динамикаи табодули қурби доллар моҳҳои охир аз ҳисоби омилҳои хориҷиву дохилӣ шакл гирифтааст.

XS
SM
MD
LG