Ссылки доступа

Ҳукумати Қирғизистон гуфт, неруҳои чинӣ сармоягузоронро дар Қирғизистон ҳимоят намекунанд


Ҳукумати Қирғизистон иттилоъ дар бораи ҳимояти сармоягузорони чиниро аз сӯи низомиёни Чин рад кард.

Роҳбари маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон Чингиз Эсенгул уулу дар саҳифаи Фейсбук навишт, ки "иттилоъ воқеият надорад ва нисбати касоне, ки онро нашр кардаанд, чораҷӯӣ мешавад".

Пештар аз ин бархе аз расонаҳо навиштанд, ҳукуматҳои Қирғизистону Чин лоиҳаи қонунеро омода мекунанд, ки бар асоси он, неруҳои низомии чинӣ метавонанд, аз сармоягузорони Чин дар Қирғизистон ҳимоят кунанд.

Дар кони тилои Солтон-Сарӣ, ки ширкати чинии Zhong Ji Mining Company онро коркард мекунад, рӯзи 5 август иқдоми эътирозӣ баргузор шуд. Ин эътироз ба занозанӣ ва захмӣ шудани 47 шаҳрванди Чин ва як сокини Қирғизистон шуд. Ҳукумати Қирғизистон 7 август хабар дод, ки фаъолияти кон муваққатан боз дошта шудааст. Сафорати Чин дар Қирғизистон талаб кард, ки ҳодиса бетарафона таҳқиқ шавад.

XS
SM
MD
LG