Ссылки доступа

Фаъоли мадании қазоқ Галина Арзамасоваро паронданд


Фаъоли мадании қазоқ Галина Арзамасова 26 август дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Талгари вилояти Алмато мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт.

Арзамасова гуфт, ӯро бо силоҳи пневматӣ паронданд. "Кормандони "ёрии таъҷилӣ" омаданд ва гуфтанд, шумо бояд бистарӣ шавед. Маъмурони пулис низ ба суханҳои ман гуш дода, рафтанд, вале чизеро ба қайд нагирифтанд", - афзуд вай.

Фаъоли мадании қазоқ мегӯяд, тасмим дорад, худ ба шуъбаи пулис рафта, барои таҳқиқи ҳодиса ариза бинависад.

Намояндаи пулиси маҳаллӣ Толкин Саметова гуфт, Арзамасова ҳангоми ворид шудан ба бинои ҳукумати Талгар ҳадафи гулӯла қарор гирифтааст ва ҳоло онҳо навори дурбинҳои назоратиро баррасӣ доранд. "Пулис ҳодисаро таҳқиқ дорад", - изҳор дошт Саметова.

Арзамасова мегӯяд, афроди ҳамлагар мехостанд, ӯ дар мулоқот сокинон бо раиси ноҳияи Талгар иштирок накунад. Галина Арзамасова сокини деҳаи Қарабулоқ буда, бо даъватҳои худ ба шаффофияти кори ниҳодҳои давлатӣ ва муборизаҳояш зидди фурӯши замин ба хориҷиҳо маъруф аст. Ӯ соли 2017 низ ду бор мавриди ҳамла қарор гирифта буд.

XS
SM
MD
LG