Ссылки доступа

"Centerra Gold" баҳсҳои додгоҳиро бо Қирғизистон қатъ кард


Ширкати Centerra Gold Inc. бо нашри як изҳорот гуфт, баҳсҳои додгоҳиро бо ҳукумати Қирғизистон дар робита ба тарҳи "Қумтор" қатъ кард.

Дар изҳорот омадааст, "Kumtor Gold Company" иҷрои уҳдадориҳои худро дар мавриди пардохти маблағи ҳарсолаи зистмуҳитие ба Бунёди рушди табиат ва Бунёди рушди хадамоти онкологии Қирғизистон оғоз хоҳад кард, ки дар Созишномаи стратегии ҷонибҳо пешбинӣ шудааст.

Ҳукумати Қирғизистон пештар хабар дод, ки бо ширкати Centerra Gold Inc дар робита ба иҷрои ҳамаи шартҳои Созишномаи стратегӣ ба тавофуқ расиданд. Ҳамчунин ширкат вазифадор шудааст, ба ҷуз аз пардохтҳое, ки Созишномаи стратегӣ пешбинӣ мекунад, маблағҳои иловагӣ супорад.

Аз ҷумла, ширкат пардохти якдафъаина дар ҳаҷми 5 миллион доллар ба Бунёди нави шарикии иҷтимоӣ оид ба рушди минтақаҳои Қирғизистон ва пардохти солона дар ҳаҷми 5 миллион доллар ба Бунёди рушди табиати ин кишвар ҷудо мекунад.

Кони "Қумтор" калонтарин кони тилои Қирғизистон аст, ки аз сӯи ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мешавад. Қирғизистон 26 дарсади саҳмияи ширкатро дар ихтиёр дорад.

XS
SM
MD
LG