Ссылки доступа

Парвандаи Отамбоев: қарори ҳабси баъзе аз дороиҳо бекор шуд


Додситонии кулли Қирғизистон мегӯяд, ҳабси 20 иншооте, ки дар доираи парвандаи президенти пешин Алмосбек Отамбоев сурат гирифта буд, бекор карда шуд.

Аз ҷумла, қарори ҳабси бинои зисти бисёрҳуҷрагӣ дар маҳаллаи Ҷал-23-и шаҳри Бишкек, 18 ҳуҷраи он ва бинои "Иттиҳодияи радио ва телевизион", ки яке аз муассисонаш телевизиони "Апрел" аст, бекор шуд.

Дар Қирғизистон дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани саркардаи олами ҷиноӣ Азиз Батукаев ҷамъан 135 иншооту дороиҳои Отамбоев ва наздиконашон ба ҳабс гирифта шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир санҷиши дороиҳои марбут ба Отамбоев ва наздиконаш идома дошта, ҳолатҳои ғайриқонунии дигар ҷустуҷӯ мешаванд.

Додситонии кулли Қирғизистон ваъда додааст, ки пас аз ба поён расидани тафтишот рӯйхати ниҳоии амволи ҳабсшудаи президенти пешин ва наздиконашро нашр хоҳад кард.

Алмосбек Отамбоев 8 август дар зодгоҳаш - деҳаи Кой-Тош боздошт ва то 26 август ба ҳабс гирифта шуд. Вале додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек муҳлати ҳабси вайро то ба 26 октябр дароз кард.

Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Ба гуфтаи Слесарев, дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG