Ссылки доступа

Чин коркарди кони тилоро дар шимоли Тоҷикистон оғоз мекунад (видео)


Ширкати муштараки Тоҷикистону Чин - "Talco Gold" барои коркарди кони метали қиматбаҳо дар шимоли кишвар омодагӣ мебинад.

Ба иттилои "Настоящее Время", ҳаҷми захираи кони мазкур беш аз 50 тонна аст. Дар онҷо ҳамчунин истихроҷи сурма низ дар назар аст.

Китайские инвесторы будут разрабатывать месторождения золота в Таджикистане
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:01 0:00

Дар ширкати алюминиюми Тоҷикистон (Талко) гуфтанд, ҳангоми ҷустуҷӯи шарик коркарди пурраи захираҳо ва истеҳсоли маҳсулоти таёр барои фурӯш шарти асосӣ буд. Ҷониби Чин маблағ, технологияву мутахассис сармоягузорӣ карда, Тоҷикистон танҳо конро пешниҳод мекунад.

Сухангӯи ТАЛКО Игор Сатторов гуфт, онҳо бо сармоягузорони чинӣ дар робита ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ба созиш расидаанд. "Барои мо ин чизи асосӣ аст. Он яке аз сиёсатҳои нархгузории дигар, фоидаовартар аст ва табиист, ки сармоягузориҳо низ комилан дигаранд", - афзуд ӯ.

Сармояи Чин дар тарҳи мазкур ба беш аз 200 миллион доллар мерасад. Қарор аст, истихроҷи метали қиматбаҳо аллакай соли оянда оғоз шавад. Намояндаи ширкати Talco Gold Чжоу Ву мегӯяд, аллакай хатҳои баландшиддатро кашиданд ва нақбҳоро кандаанд.

Беш аз 80 дарсади тилоҳои Тоҷикистонро ширкатҳои муштарак бо Чин истихроҷ мекунанд. Ба гуфтаи шарикони тоҷики Talco Gold, сабаби интихоби чиниҳо манфиатҳои иқтисодӣ аст.

Ба гуфтаи Сатторов, тарҳҳои Тоҷикистон дар робита ба истихроҷи тило барои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон дастрасанд ва ба Русия низ пешниҳод шудаанд, вале чиниҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

XS
SM
MD
LG