Ссылки доступа

Дар Қирғизистон афсари дар амалиёти боздошти Отамбоев кушташударо қадрдонӣ карданд


Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон ба корманди КДАМ Усенбек Ниёзбеков, ки дар амалиёти боздошти президенти пешини Қирғизстон Алмосбек Отамбоев рӯзи 7 август аз тири силоҳ кушта шуд, баъди маргаш медали "Эрдик" тақдим кард.

Маркази матбуотии Ҷеенбеков хабар дод, ки 28 август президент фармони қадрдонии Усенбек Ниёзбековро имзо кардааст.

Муовини фармондеҳи неруҳои махсуси КДАМ-и Қирғизистон Усенбек Ниёзбеков рӯзи 7 август ҳангоми амалиёти боздошти Отамбоев дар деҳаи Кой-Тош аз тири силоҳ кушта шуд. Ӯро 9 август дар наздикии шаҳри Бишкек ба хок супурданд. 14 август мақомоти Қирғизистон аз боздошти гумонбари қатли Ниёзбеков хабар доданд.

XS
SM
MD
LG