Ссылки доступа

Писари молики "Султони Кабир"-ро аз нав муҳокима мекунанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.​

- Моҷарои фасодкорӣ дар Вазорати маорифи Қазоқистон (видео)

- Пешниҳоди номи Бузургмеҳр ба ҷоизаи Ҳавел. Номи вакили зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел, дигарандеш ва президенти пешини Чехия, пешниҳод шудааст. Ин ҷоизаи Маҷмаи порлумонии Шӯрои Аврупо ва Бунёди "Хартия-77" аст, ки ҳар сол ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон дода мешавад (видео)

- Салими Аюбзод: Радиои Озодӣ барои Тоҷикистон муҳим аст. Иҷрокунандаи вазифаи мудири Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ, Салими Аюбзод, мегӯяд, муносибати мақомоти тоҷик, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои байнулмилалии муқими Душанбе ва бештар аз ҳама сокинони пойтахт баёнгари он аст, ки Радиои Озодӣ ҳамчун як расонаи хабарӣ дар ин ҷо ҷойгоҳи хос дорад (видео)

- Писари молики "Султони Кабир"-ро аз нав муҳокима мекунанд. Додгоҳи шаҳри Душанбе хостори бознигарии ҳукми Кабир Кабиров, писари молики бозори "Султони Кабир" шуд. Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт моҳи июли имсол Кабирови 19-соларо ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум кард. Ӯро ба сар задани садамае гунаҳкор карданд, ки ба марги ду нафар анҷомид (видео)

- Чи гуна ҳавопаймоҳоро аз парандаҳо ҳимоят мекунанд?​ (видео аз Қазоқистон)

- Чи гуна қирғизистониҳо ба телевизиони мухолифи "Апрел" кумак мерасонанд (видео)

- Саҳнасозӣ то ба кай? Ё кай муҷассамаи ҷашнӣ такмил мешавад? Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Зафаробод боғи ба номи Садриддин Айниро ба истифода дод ва дар маросими рӯкушоии муҷассамаи "Нишони давлатӣ" иштирок кард. Баъзе аз сокинон мегӯянд, баъд аз рафтани президент саҳнасозии сохтмончиёнро дар канори "Нишони давлатӣ" ошкор намудаанд (видео)

- Деҳи ман: Лиҷаки боло дар ноҳияи Мӯъминобод (видео)

- Мусоҳибаи президенти Радиои Озодӣ баъди мулоқоташ бо вазири тоҷик. Ҷеймӣ Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ, рӯзи 27-уми август бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Душанбе мулоқот кард. Дар ин суҳбат мушкили аккредитатсия, вазъи озодии баён ва фишор ба хабарнигорон баррасӣ шуд (видео)

- Деҳи ман: "Тоҷикобод дар ноҳияи Вахш" (видео)

- Деҳи ман: Даҳкат дар ноҳияи Деваштич (видео)

- Оё Русияро ба саммити навбатии "Ҳафтгонаи бузург даъват мекунанд? (видео Настоящее время)

- Дар Чеченистон калонтарин масҷиди Аврупо сохта шуд (видеои Настоящее время)

- “Мепурсад, фарзандони ман сиёҳанд, зарданд? Мегӯям, хушрӯянд". Мошариф Азимоваи тақрибан 70 -сола аз ноҳияи Восеъ 6 нобиноро нигоҳубин мекунад. Бар иловаи нигоҳубини 6 нобино, ҳоло масъулияти тарбияи се набераи дигарро ҳам дорад, ки аз писари нобинояш Ҷумъахон ҳастанд (видео)

- Волидон: Алиҷон аз тарси таҷовуз қатлро ба гардан гирифт. Алиҷони 15-сола, сокини ноҳияи Варзоб, ки дар куштори ду нафар муттаҳам мешавад, ба пайвандонаш гуфтааст, ӯ таҳти шиканҷаву таҳдиди кормандони пулис гуноҳро ба гардан гирифтааст. Дар шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Варзоб гуфтанд, дар нисбати Алиҷон ҳеҷ гуна шиканҷаву таҳдид сурат нагирифтааст (видео)

- «Падар, ман туро ёд кардам. Зудтар баргард». Дар Қирғизистон насли зиндаятиме ба воя мерасад. Бекорӣ шаҳрвандони Қирғизистонро маҷбур мекунад, ки фарзандонро тарк карда, ба хориҷ корҷӯӣ раванд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG