Ссылки доступа

Маликаи Бритониё порлумони кишварашро ба танаффус фиристод


Маликаи Бритониё Елизавета II розӣ шуд, ки бо дархости сарвазир Борис Ҷонсон фаъолияти порлумонро қатъ кунад. Танаффус дар кори порлумон аз ҳафтаи дувуми моҳи сентябр шуруъ шуда, то 14 октябр давом мекунад.

Ба ин тартиб, ҳукумати Борис Ҷонсон имкон пайдо мекунад, бидуни муқовимати вакилон аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шавад, ки гуфта буданд, намегузоранд, кишварашон бе созиш аз Иттиҳод берун равад.

Ҳукумати Бритониё аз малика хоста буд, ки фаъолияти порлумон аз 10 сентябр қатъ кунад. Борис Ҷонсон гуфт, паёми малика, ки тибқи одат нақшаҳои марбут қонунгузории ҳукуматро эълом мекунад, рӯзи 14 октябр, ҳамагӣ ду ҳафта пеш аз санаи хориҷшавии Бритониё аз Иттиҳод баргузор хоҳад шуд. Қарор аст, Бритониё 31 октябр аз Иттиҳод берун шавад. Дар ҳамин ҳол, Борис Ҷонсон мегӯяд, ба танаффус фиристодани порлумон ба хориҷшавӣ аз Иттиҳоди Аврупо рабт надорад.

Ҷон Беркоу, раиси маҷлиси авом ин амали ҳукуматро "истибдоди конститутсионӣ" унвон кард. "Инро ҳар гуна, ки шарҳ диҳанд, комилан рушан аст, ки ҳадаф яке аст - монеъ шудан, то вакилон Брекзит (аз Иттиҳод хориҷ шудани Бритониё)-ро баррасӣ накунанд ва масъулиятҳояшонро дар муайян кардани самти ҳаракати кишвар иҷро нанамоянд... Ин сӯиқасд ба раванди демократия ва ҳаққи қонунгузорон ҳамчун намояндагони интихобшудаи мардум аст", - гуфт вай.

Мухолифон тасмим доранд, аз ин амали ҳукумат ба додгоҳ шикоят баранд. Аксари вакилони порлумони Бритониё зидди ба тундӣ хориҷ шудан аз Иттиҳод ҳастанд.

Ҷонсон - яке аз роҳбарони маъракаи Брекзит - моҳи июли соли ҷорӣ баъди он сарвазир таъйин гардид, ки дар интихоботи дохилии Ҳизби консерваторон баъди истеъфои Тереза Мэй пирӯз шуд. Мэй бо Иттиҳоди Аврупо ба созиш расид, вале он созишро порлумон қабул накард ва Мэй маҷбур шуд аз курсии сарвазирӣ истеъфо диҳад.

Ҳоло Ҷонсон пойфишорӣ дорад, ки Бритониё дар ҳар сурат 31 октябр аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ хоҳад шуд. Ҳатто эҳтимол бидуни созиш. Вале пеш аз ба танаффус рафтан, вакилони порлумон ҳамагӣ чанд рӯз дар ихтиёр доранд, то аз хориҷшавии бидуни созиш пешгирӣ кунанд.

Бритониё бино бар натиҷаҳои раъйпурсии соли 2016, мебоист ҳанӯз 29 март аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шавад. Порлумон се маротиба созишномаи хориҷшавӣ аз Иттиҳодро рад кард. Ба ин тартиб, муҳлати хориҷшавӣ дар санаи 31 октябр таъйин шуд.

XS
SM
MD
LG