Ссылки доступа

Писари муовини пешини вазири корҳои дохилии Қирғизистон дар ҷустуҷӯ эълом шуд


Додситонии кулли Қирғизистон хабар дод, ки ёвари Курсан Асанов, муовини пешини вазири корҳои дохилии Қирғизистон ба ҷонибдорони президенти пешини он кишвар Алмосбек Отамбоев далелҳои шайъиро тавассути писараш Муҳаммадалӣ Асанов расонидааст.

Додситонӣ мегӯяд, рӯзи 8 август Асанов "далелҳои шайъӣ, ҳуҷҷатҳо ва дигар ашёеро, ки аз манзили Отамбоев пайдо шуда, барои парвандаи ҷиноӣ аҳамияти зиёд доштанд, ғайриқоннуӣ ба ҷонибдорони Отамбоев додааст".

Ба иттилои мақомот, Асанов далелҳои шаъйиро бо ёрии муҳофизаш Пайзилда уулу Дамирбек берун оварда, Дамирбек дар навбати худ онҳоро шоми 8 авгут дар назди бинои ВКД ба Муҳаммадалӣ Асанов додааст.

Курсан Асанов 27 август дар бораи содир кардани "Ҷинояти созмонёфта" ва "Сӯистифода аз мақоми хизматӣ" огоҳинома гирифт.

Ҳамон рӯз нисбати Муҳаммадалӣ Асанов, соли таваллудаш 1997, ғоибона қарори ҳабс содир шуд. Ӯро дар ҷустуҷӯ эълом карданд.

Курсан Асанов рӯзи 13 август ба далели "хиёнат ба манфиатҳои милисаи Қирғизистон" аз мақомоти милиса ихроҷ карда шуд. Ӯро баъди амалиёти боздошти президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз сафи милиса ронданд.

Асанов гуфт, "масъулияти хизматиашро иҷро карда, ҳадафҳои шахсиашро аз ҳадафҳои давлат боло нагузоштааст".

Додгоҳ ӯро то 13 октбяр ба ҳабси хонагӣ гирифт.

XS
SM
MD
LG