Ссылки доступа

Ҷанҷол сари якшанбе. Оғози таҳсил ё рӯзи истироҳат? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.​

- Осиё: маҳбуси сиёсии рақами яки Қирғизистон озод шуд. Маҳбуси сиёсии қирғиз Омурбек Текебоев аз зиндон озод ва ҳабси хонагӣ шуд. Президенти Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флай бо президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков мулоқот кард. (видео Настоящее время)

- Дар бораи нақшаи роҳпаймоӣ гуфтанду ба шуъбаи пулис эҳзор шуданд​.(видео аз Қазоқистон)

- Мавсими нави театрӣ бо ҳузури ками тамошобин дар Тоҷикистон (видео)

- Ҷанҷол сари якшанбе. Оғози таҳсил ё рӯзи истироҳат? Бар хилофи он ки имсол якуми сентябр ба рӯзи якшанбе рост омада ва истироҳатист, мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хонандагону донишҷӯён ва устодонро ба мактаб даъват кардаанд. Онҳо мегӯянд, соли хониш бояд дар вақти таъйиншуда баргузор шавад, агарчӣ рӯзи корӣ нест (видео)

- «Ғайриқонунӣ дастгир карданд»: Дар Нурсултон бонувон ба ҷонибдорӣ аз наздиконашон тазоҳурот карданд. (видео аз Қазоқистон)

- Сармоягузорони чинӣ истихроҷи тилоро дар як кони Тоҷикистон оғоз мекунанд. (видео аз Директ)

- Сокини Тошканд гуфт, чи гуна дар шуъбаи пулис ришашро тарошиданд.(видеои Настоящее время)

- Моҷарои фасодкорӣ дар Вазорати маорифи Қазоқистон (видео)

- Пешниҳоди номи Бузургмеҳр ба ҷоизаи Ҳавел. Номи вакили зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел, дигарандеш ва президенти пешини Чехия, пешниҳод шудааст. Ин ҷоизаи Маҷмаи порлумонии Шӯрои Аврупо ва Бунёди "Хартия-77" аст, ки ҳар сол ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон дода мешавад (видео)

- Салими Аюбзод: Радиои Озодӣ барои Тоҷикистон муҳим аст.Иҷрокунандаи вазифаи мудири Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ, Салими Аюбзод, мегӯяд, муносибати мақомоти тоҷик, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои байнулмилалии муқими Душанбе ва бештар аз ҳама сокинони пойтахт баёнгари он аст, ки Радиои Озодӣ ҳамчун як расонаи хабарӣ дар ин ҷо ҷойгоҳи хос дорад (видео)

- Писари молики "Султони Кабир"-ро аз нав муҳокима мекунанд. Додгоҳи шаҳри Душанбе хостори бознигарии ҳукми Кабир Кабиров, писари молики бозори "Султони Кабир" шуд. Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт моҳи июли имсол Кабирови 19-соларо ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум кард. Ӯро ба сар задани садамае гунаҳкор карданд, ки ба марги ду нафар анҷомид (видео)

- Чи гуна ҳавопаймоҳоро аз парандаҳо ҳимоят мекунанд?​ (видео аз Қазоқистон)

- Деҳи ман: Лиҷаки боло дар ноҳияи Мӯъминобод (видео)

- Деҳи ман: "Тоҷикобод дар ноҳияи Вахш" (видео)

- Деҳи ман: Даҳкат дар ноҳияи Деваштич (видео)

- Оё Русияро ба саммити навбатии "Ҳафтгонаи бузург даъват мекунанд?(видео Настоящее время)

- Дар Чеченистон калонтарин масҷиди Аврупо сохта шуд (видеои Настоящее время)

- «Падар, ман туро ёд кардам. Зудтар баргард». Дар Қирғизистон насли зиндаятиме ба воя мерасад. Бекорӣ шаҳрвандони Қирғизистонро маҷбур мекунад, ки фарзандонро тарк карда, ба хориҷ корҷӯӣ раванд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG