Ссылки доступа

Трамп ба фаъолияти неруҳои кайҳонии ИМА расман оғоз бахшид


Президенти ИМА Доналд Трамп 29 август дар як маросими Кохи сафед таъсиси Фармондеҳии кайҳонии Пентагонро эълом кард, ки ҳадафаш маҳви таҳдидҳо дар фазо аст.

Ба гуфтаи Трамп, "фармондеҳии нав аз манфиатҳои ҳаётан муҳими ИМА дар фазо ҳимоят хоҳад кард". Таъсиси фармондеҳии мазкур посух ба тавсеаи тавонмандии низомии Чин ва Русия дар фазо мебошад. Чин намоиш дод, ки моҳвораро бо мушак маҳв месозад ва Русия гуфт, мехоҳад, барои истифода дар фазо низоми нави аслиҳаеро бисозад.

Сенати Амрико моҳи июн генерал Ҷон Рэймондро сардори Фармондеҳии кайҳонӣ таъйин кард. Рэймон гуфт, ҳимояти иншооти амрикоӣ дар фазо, бо шумули моҳвораҳо, воситаҳои дифои зиддимушакӣ ва иртиботот яке аз вазифаҳои авалиндараҷаи ниҳоди зери раҳбарияш аст.

Фармондеҳии кайҳонии ИМА аз соли 1985 то соли 2002 фаъолият мекард. Пас ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2011 идораи мазкур барҳам дода шуд, зеро тамоми талошҳои неруҳои ҳавоии ИМА ба мубориза бо терроризм равона карда шуданд.

XS
SM
MD
LG