Ссылки доступа

Кони тилои "Қумтор"-и Қирғизистон аз ҳисоби мамнуъгоҳ 16 ҳазор ҳектар васеъ мешавад


Рудник Кумтор. Архивное фото.
Рудник Кумтор. Архивное фото.

Ҳукумати Қирғизистон дар пайи имзои як созишномаи нав бо ширкати "Centerra Gold Inc." дубора иҷозат дод, ки дар 16 ҳазор ҳектар замини мамнуъгоҳи Саричат-Эрташи ин кишвар истихроҷи тило ба роҳ монда шавад.

Ин хабарро мудири иҷроияи ширкати "Қирғизолтин" Алмос Олимбеков тасдиқ кард. Қирғизистон ҳанӯз дар соли 2009 бар ивази як қисми саҳмияҳои "Сентерра Голд Инк." ба "Қумтор" заминҳоеро дода буд, ки дар он ҳайвонҳои нодири шомили китоби сурх зиндагӣ мекарданд.

Вале соли 2012 дар натиҷаи фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни муҳити зист маҷбур шуд, ин қарори худро бекор кунад.

Бар асоси Созишномаи нави ба гуфтаи ҳукуматдорони қирғиз, "стратегӣ", қарори девони вазирони Қирғизистон аз соли 2012 бекор шуда, созишномаи соли 2009 ба иҷро хоҳад даромад. Ба гуфтаи Олимбеков, гӯиё ҳукумати Қирғизистон он уҳдадориҳоеро иҷро дорад, ки даҳ сол пеш бар зимма гирифта буд.

"Дар асоси созишномаи соли 2009 барои "Қумтор" бояд 26 ҳазор ҳектар замини иловагӣ аз ҳисоби мамнуъгоҳ ҷудо карда мешуд. Вале ҳукумат соли 2012 бо судури як қарор онро то ба 10 ҳазор ҳектар кам кард. Ҳоло мо уҳдадориҳои худ дар доираи созишномаи соли 2009-ро иҷро карда, 16 ҳазор ҳектар заминро баргардондем. Бар ивази ин заминҳо саҳмияи мо дар ширкат аз 15 то ба 33 дарсад афзоиш дода шуд", - афзуд ӯ.

Кони "Қумтор" калонтарин кони тилои Қирғизистон аст, ки аз сӯи ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мешавад. Қирғизистон 26 дарсади саҳмияи ширкатро дар ихтиёр дошт.

XS
SM
MD
LG