Ссылки доступа

Боздошти падар баъди таваллуд кардани духтари 14-солааш


Дар деҳаи Жани-Пахтаи вилояти Чуйи Қирғизистон рӯзи 29 август як духтари 14-сола тифл таваллуд кард.

Падари 53-солаи духтар бо гумони таҷовузи фарзандаш боздошт шудааст. Мақомоти умури дохилии он кишвар бо моддаи "таҷовуз" парванда боз кардаанд.

"Ҳоло кӯдакро ба оилаи дигар доданд. Баъди анҷоми тафтишот ба рафтори волидон ва табибон баҳои ҳуқуқӣ дода хоҳад шуд", - гуфт Нургул Нусупова, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Чуй.

Ба иттилои мақомот, духтари 14-сола фарзанди калонии хонавода аст. Айни ҳол вай дар маркази ҳифзи кӯдакон аст ва кумаки равонӣ дарёфт мекунад.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Қирғизистон борҳо изҳор доштанд, ки ҳомилашавии ноболиғон натиҷаи таҷовуз аст ва ҷинояткорон бештари вақт муҷозот намешаванд.

XS
SM
MD
LG