Ссылки доступа

Ҳушдори муҳоҷирони ӯзбекистонӣ аз рейди мақомоти Туркия


Вазорати корҳои хориҷии (ВКХ) Ӯзбекистон ӯзбекистониҳоеро ҳушдор дод, ки дар Туркия қарор дорад. Ба гуфтаи ВКХ-и Ӯзбекистон, мақомоти Туркия барои ошкор кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишвар рейд мегузаронанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Истамбул бо ҳадафи таъмини тартибот дар нақлиёт, ҷои зисту кор, инчунин ҷойҳои ҷамъиятӣ рейд анҷом шуда, шаҳрвандони хориҷии бидуни иҷозат пайдо ва ихроҷ мешаванд.

Ба иттилои мақомоти Туркия, аксари шаҳрвадони хориҷӣ фарқияти иҷозатномаи ҳаққи истиқомат ва иҷозатномаи ҳаққи корро намедонанд.

"Қонун талаб мекунад, шаҳрванди хориҷии дорои ҳаққи истиқомат агар хоҳиши кор карданро дошта бошад, бояд иҷозатномаи корро дарёфт кунад. Дар сурати ғайр, вай вайронкунандаи қонун ба ҳисоб меравад", - хабар додааст ВКХ Ӯзбекистон.

Шаҳрвандони Ӯзбекистон дар ҳоли ҳозир ҳақ доранд, давоми 90 рӯзи бидуни виза дар Туркия ҳузур пайдо кунанд.

XS
SM
MD
LG