Ссылки доступа

"Занон ба кори мардон дахолат накунанд" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.​

- Дар Қазоқистон сокинон рӯзи дувум аст, зидди бунёди корхонаҳои чинӣ эътироз доранд. (видео аз Директ)

- Бозии Тоҷикистону Қирғизистон. Тошев: Як вазифа дорем – пирӯз шудан. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии аввалинашро дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 рӯзи 5-уми сентябр муқобили мунтахаби Қирғизистон анҷом медиҳад (видео)

- Гуфтанд ба мо: "Занон ба кори мардон дахолат накунанд". Дар ҷомеаи Тоҷикистон одат шудааст, ки занон бояд фармонбардори мардҳо бошанд ва ҳар тасмими худро бо шавҳар, падар ва ё бародари худ маслиҳат кунанд. Оё мардҳо низ дар коре фармонбардори занон ҳастанд? (видео)

- Нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон дигарбора боло рафт. Чаро? Нархи орд дар Тоҷикистон аз марзи 200 сомонӣ гузашта, боис ба нигаронии сокинон шудааст. Тоҷирон камчинии орд дар Қазоқистон ва афзоиши қурби долларро далел пеш меоранд. Дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон болоравии нархи ордро тасдиқ карданд. Мақомот гуфтанд, ин масъаларо баррасӣ доранд (видео)

- Комиссияи давлатӣ ба таҳқиқи задухурд дар қароргоҳи президенти пешини Қирғизистон пардохт. (видео аз Директ)

- Маоши якрӯзаи кормандони буҷавӣ дар Рудакӣ - барои иншооти ҷашнӣ. Аз омӯзгорону пизишкон ва дигар кормандони ниҳодҳои давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ тақозо шудааст, ки маоши якрӯзаи худро барои анҷоми сохтмонҳое, ки дар боз шуданашон президенти кишвар иштирок мекунад, супоранд. Вале мақомот мегӯянд, ин танҳо як хоҳиш аст ва иҷрои он амалест довталабона (видео)

- Таркиши зарфи газ дар Ҳисор 10 захмӣ ба ҷой гузошт. Тарабхонаи "Шоми қалъа", воқеъ дар шаҳри Ҳисор, баъд аз ду рӯзи таркиши баллони газ, ки боис ба ҷароҳати даҳ корманди он шуд, дубора ба фаъолият оғоз кардааст. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 3 сентябр гуфтанд, ки ҳодиса "дар натиҷаи риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ" рух додааст" (видео)

- Донишҷӯёни донишгоҳҳои Ҳонконг ба кӯча баромаданд. (видеои Настоящее время)

- Осиё: ваъдаи президент Тоқаев. Президент Қосимҷомарт Тоқаев паёми нахустинашро ба мардуми Қазоқистон ироа кард. Афроди ношинос дар Русия ба як муҳоҷири тоҷик ҳамла карда, ӯро шадидан латтукӯб намуданд ва 15 бор корд заданд. (видеои Настоящее время)

- Сирри қудрат. Дирилдоев дар бораи он ки чи гуна дар давраи Акаев ба Швейтсария тило интиқол доданд. Вакили "порлумони афсонавӣ" ва узви "комиссия оид ба тило" Рамазон Дирилдаев гуфт, чи гуна дар давраи президентии Аскар Акаев бо ҳавопаймои Борис Бирштейн ба Швейтсария 2 тонна тилоро бурданд. (видео аз Директ)

- Нақши чархаи Роғун дар Кӯлоб. 7 ҳазор нафар – ба "маршировка". Дар остонаи иди истиқлоли Тоҷикистон, ки ҳар сол рӯзи 9-уми сентябр таҷлил мешавад, дар шаҳри Кӯлоб ҳафт ҳазор нафарро ба "маршировка" ҷалб кардаанд. Баъзе аз онҳо донишҷӯ ва қисме дигар кормандони сохторҳои давлатиянд (видео)

- Муҳаққиқон 30 шеъри нашрнашудаи Айниро пайдо карданд. Муҳаққиқони тоҷик беш аз 30 шеъри устод Садриддин Айниро аз бойгонии ин адиби тоҷик ошкор кардаанд, ки то ҳол нашр нашудаанд. (видео)

- ДОИШ дар талоши сар бардоштан баъд аз шикаст. Вазири умури хориҷии Амрико чанде пеш тахмин зад, ки гуруҳи ба ном Давлати Исломӣ дар Ироқу Сурия аз нав гурӯҳбандӣ мекунад (видео)

- Норозиёни серб ба Қасри президент коғазҳои ҳоҷатхона партофтанд.Тазоҳургарони серб, рӯзи 31 август пас аз як раҳпаймоӣ ба сӯйи Қасри раёсатҷумҳурӣ коғазҳои ҳоҷатхона партофтанд ва бо ин роҳ эътирози худро аз амалкардҳои президенти кишвар Александар Вучич намоиш доданд. (видео)

- «Кишвар ба ислоҳот ниёз дорад». Роҳпаймоӣ дар Алмато (видео)

- Бо либоси куҳна ва бидуни дафтару қалам. Кӯдакон аз хонаводаҳои калон чи гуна ба мактаб мераванд? (видео)​

- Сармуҳаррири РИА Новости Украина Кирилл Вишинскийро бо чи айбдор мекунанд? (видео аз Директ)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG